Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯзҳои 7 ва 9 сентябр дар вилояти Хатлон чорабиниҳои тантанавӣ доир мегарданд

Сентябрь 5, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 05.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 7 ва 9 сентябр дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаҳои фарҳангӣ, намоиши театрӣ, маҷлиси тантанавӣ бо иштироки фаъолони вилоят, роҳпаймоӣ ва паради ҳарбӣ доир мегарданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Ёдовар мешавем, ки аз 25 августи соли равон тибқи Қарори  Раиси вилояти Хатлон, инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят конфренсияву мизҳои мудаввар, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар чорабиниҳои идона доир мегарданд.

Ҳамчунин, ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар тамоми боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳру ноҳияҳои вилоят барномаҳои фарҳангӣ ва намоишҳои театрӣ доир мегарданд. Барномаҳои фарҳангӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ то охири сол гузаронида мешаванд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 9 сентябр дар тамоми шаҳри ноҳияҳои вилояти Хатлон гузашти паради ҳарбӣ, роҳпаймоиҳои осоишта,
барномаи фарҳангӣ ва ба бар кардани либосҳои расмию идона сурат мегирад.

АКС аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Сентябрь 5, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд