Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон барномаҳои идона доир мешаванд

Сентябрь 7, 2021 09:16

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ«Ховар/. Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандону чирадастони деҳаҳои Шипад, Вознавд, Деҳ ва Шидзи ноҳияи Рӯшон зимни намоиши ҳунарҳои дастӣ таомҳои миллӣ, дастовардҳои деҳа ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ҳунари баланди кадбонугӣ ва косибиашон дарак медод, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон.

Ёдовар мешавем, ки дар деҳаҳои ноҳияи Рӯшон ҳамарӯза бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилабарномаҳои идона бо иштироки сокинон ва меҳмонон  баргузор карда мешаванд,

 Ба муносибати ин ҷашни фархунда дар деҳаи Шидзи Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, хурду бузург бо либосҳои идона  ҷамъ омаданд.

Зимни ҷамъомади мазкур муовини раиси ноҳия Лайло Чоршанбезода ҳозирин ва иштирокдоронро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон шодбош гуфт.

Раиси Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев Нозигул Абдулвоҳидова зимни ҳамоиши идона зикр кард, ки “дар тӯли 30 соли истиқлолият ин ҷамоат ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Мо дар симои як ҷамоати деҳот мебинем, ки ободии Ватан аз ободии ҳар гӯшаи он оғоз мешавад. Мо бояд ин неъмати бебаҳо ва ганҷи нодир- соҳибистиқлолии давлатамонро ҳамаҷониба ҳифз намуда, ба наслҳои оянда расонем”.

Дар хатми ҳамоиши идона бархе аз фаъолони ин ҷамоати дурдаст, ки баҳри созандагиву ободонӣ ва пешрафти ҷамоат саҳми арзанда гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои раиси ноҳия ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон қадршиносӣ гардиданд.

Ҳаваскорони ҷамоат бо барномаи ҷолибу рангини фарҳангӣ ба ҷамъомад таровати хосса бахшиданд.

АКСҲО: МИҲД-и Рӯшон

Сентябрь 7, 2021 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад