Дар оянда эҳтимоли хуруҷи дубораи бемории COVID-19 вуҷуд дорад? Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ин мавзӯъро шарҳ медиҳад

Сентябрь 23, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 23.09.13 /АМИТ Ховар/. 13 сентябр Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат эълон намуд, ки шабонарӯзи охир дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати сироятёбии шаҳрвандон аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Албатта, маҳви бемории COVID-19 дар мамлакат на танҳо дастоварди бузурги табибон, балки кулли тоҷикистониён ба ҳисоб меравад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чӣ гуна табибон ба ин дастовард ноил гардиданд? Оё дар оянда эҳтимоли хуруҷи дубораи ин беморӣ вуҷуд дорад?

Барои дарёфти посухи ин ва дигар саволҳо марбут ба бемории COVID-19 барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар»-ро шарҳ медиҳад. Дар барнома сардори Раёсати амнияти санитарӣ-эпидемиологии  ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврию тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат  Наврӯз Ҷаъфаров ба ин саволҳо посух мегӯяд.

Шумо метавонед ин барномаро имрӯз соати 09:30 (асл),  инчунин  такроран соатҳои 17:30 ва 21:30 дар пешниҳоди муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода аз мавҷи Радиои «Ховар»-  101,5  FM   бишнавед.

Сентябрь 23, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд