БОЗДИДИ БЕШ АЗ 900 САЙЁҲИ ХОРИҶӢ АЗ «ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ БАДАХШОН». Ва ё сайёҳӣ дар Дарвоз соҳаи ояндадор аст

Сентябрь 27, 2021 11:41

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дарвоз, ки онро аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ «дарвозаи тиллоии Бадахшон» меноманд, зарфи  солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми шахсони саховатманду боҳиммати ин гӯшаи зебоманзару дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон  рушду тавсеа ёфта, на танҳо дар бахши сайёҳӣ, балки дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба муваффақиятҳои чашмрас ноил гардида, ба шаҳрчаи  муосиру афсонавӣ  табдил  ёфтааст. Доир ба  дастовардҳои назарраси «дарвозаи тиллоии Бадахшон» — Дарвоз, хусусан бахши сайёҳии он, дар Рӯзи таҷлили байналмилалии туризм — World Tourism Day, таасусроти хабарнигори АМИТ «Ховар»-ро, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Дарвоз-Хоруғ-Ишкошим ба Бадахшон сафар намуд, аз ин гӯшаи зебои Тоҷикистон боздид карда, гузориш омода намудааст, манзури хонандагони сомона менамоем.

Дарвоз ба шаҳрчаи муосиру афсонавӣ табдил ёфтааст

Дарвоз — ин гӯшаи хушбоду ҳавои Тоҷикистон бо  манзараҳои табиати дилфереб, чашмаҳои софу зулол, рӯдҳои хурӯшон, боғҳои пур аз меваҳои шаҳдбор (себ, анор, анҷир), таърихи қадима  ва мардуми бофарҳангу некухисолу хубрӯйяш дар ҷумҳурӣ ва берун аз он шуҳратёр гардидааст. Дар Дарвоз, ки ҳамзамон онро диёри хубрӯён  ном мебаранд, даҳҳо  нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат, иқтисод, илму фарҳанг зода ва ба камол расида, дар рушду пешрафти сарзаминамон саҳми бориз мегузоранд.

Дарвоз дар шарқи Тоҷикистон воқеъ мебошад. Маркази ноҳия шаҳраки Қалъаи Хумб  аст, ки дар масофаи 241 км шимолтар аз шаҳри Хоруғ ва дар масофаи 371 км  дуртар аз Душанбе,  дар резишгоҳи рӯди Хумбоб ба рӯди Панҷ, дар дараи рӯди Панҷ ва кӯҳсори Дарвоз доман густурдааст. Дар шимол бо ноҳияи Сангвор, дар ғарб ва ҷанубу ғарб  бо ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва Шамсиддини Шоҳин, дар шарқ бо ноҳияи Ванҷ  ва  дар ҷануб бо вулусволиҳои Нусай, Шикай, Хоҳон ва Кӯфоби вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст. Ноҳияи Дарвоз 2824,5 километри мураббаъ масоҳат дошта, дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Аҳолияш тибқи омори расмӣ беш аз 22 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

ДАР АКС: Бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз

Шуғли асосии мардуми Дарвоз кишоварзӣ ва чорводорӣ буда, солҳои охир корхонаҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла, дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- саноатикунонии мамлакат парки инноватсионии саноатию технологӣ бунёд гардида, шаҳрчаи саноатиро мемонад. Мардуми Дарвоз ба гӯиши дарвозии забони форсӣ сухан мегӯянд. Дар гӯиши дарвозӣ вижагиҳои забони форсии садаҳои IX — XIV ҳамчунон пойдоранд. Ноҳияи Дарвоз  дорои як шаҳрак, чор ҷамоат — Вишхарв, Қалъаи Хумб, Нулванд ва Сағирдашт  ва беш аз 50 деҳа — Вишхарв, Бровг, Ҷорф, Кеврон, Курговад, Пошхарв, Тоғмай, Хурк, Шодак, Убагн, Висхарв, Анҷирак, Дашти Луч, Дуробак, Зев, Зинг, Паткуноб, Рузвай, Сангевни Дароз, Хек, Хумбиварӣ, Хушарвак, Ширг, Даштак, Пешун, Умарак, Сангевн, Жагу Марғ, Зиғар, Пунишор, Ушхарв, Хостав, Шикев, Ёгед,  Ширговад, Яхчисор, Сағирдашт, Инкӯҳ, Камчак, Кулумбаи Боло, Лухч, Оҳангарон, Рубот, Садика, Сайдон, Сайёд, Сафедорон, Чухкок, Шоххорон, Қалъаи Ҳусайн, Хур мебошад.

ДАР АКС: Меҳмонхонаи замонавии «Karon Palace Hotel» дар маркази ноҳияи Дарвоз

Кеврон, Қалъаи Хумб, Ёгед, Зинг, Даштак, Рузвай ва Хумби Варӣ аз деҳаҳои калонтарини Дарвоз маҳсуб меёбанд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар минтиқаи Рузвайи Дарвоз  ва Нусайи Афғонистон пули дӯстӣ бунёд гардида, ҳамзамон бозори наздисарҳадии Рузвай сохта шуда буд, ки то давраи пандемия фаъолият менамуд ва алҳол дар иртибот ба авзои сиёсию амниятии Афғонистон баста шудааст.

Таърихи Дарвоз

Дар роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва форсизабони садаҳои миёна номи Дарвоз Карон омадааст ва маркази онро шаҳри бостонии Карон донистаанд. Ба гуфти мардуми Дарвоз, номи бостонии ин сарзамин Маҳистон  будааст. Дарвоз аз замони Сомониён то соли 1877 ҳукумати мустақил дошт ва фармонравоёни онро шоҳ мехонданд. Қаламрави подшоҳии Дарвоз сарзамини имрӯзаи ноҳияҳои Сангвор, Дарвоз, Ванҷ ва вулусволиҳои афғонистонии Хоҳон дар ду канори рӯди Панҷро дар бар мегирифт.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 Дарвоз бахше аз вилояти Ғарм гардид ва соли 1955 бахши дарвозии вилояти Ғарм бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дода шуд. Он соли 1930 бо номи ноҳияи Қалъаи Хумб таъсис ёфта, баъдан  соли 1991 боз номи бостонияш  — Дарвозро гирифт.

«Чорчаман»-и Дарвоз- мӯъҷизаи табиат

Мавзеи истироҳатию фарҳангиии «Чорчаман» дар масофаи 15 км дуртар аз  маркази ноҳияи Дарвоз,  дар ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб, деҳаи Паткуноб дар майдони 4 гектар доман густурдааст.

ДАР АКС: Даромадгоҳи мавзеи истироҳатии «Чорчаман»

Ин  мавзеи хушманзари истироҳатӣ, ки  миёни сайёҳону ҷаҳонгардон маъмул аст,  дар ду соҳили рӯди  Паткуноб  ва резишгоҳи он ба дарёи Панҷ ҷойгир буда, ҳар қисмати он бо боду ҳавои хуш ва обҳои чашмаҳои зулолу мусаффояш  аз ҳамдигар тафовут дорад. Хусусан  зарфи солҳои охир ин гӯшаи нотакрори  табиати Дарвоз дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хеле дилработар гардид.

ДАР АКС: Яке аз гушаҳои мавзеи истироҳатии «Чорчаман»

Мавзеи истироҳатии «Чорчаман» саросар бо гулу дарахтони маҳаллӣ ва  нодир қариб дар ҳамаи  фасли сол сабзу хуррам аст, инчунин дар ин ҷо инфрасохтори мусоид барои сайёҳон ва ҷаҳонгардон бунёд карда шудааст, ки таҷассуми тахайюлоти бою рангини меъморону сохтмончиён ва фарҳанги пурғановати мардумони  ин диёри кӯҳистон аст. «Чорчаман», ки худ эъҷози табиат аст, сол аз сол бо ташаббусҳои шахсони ватандӯсту бунёдкор ободтар гардида, қалби сайёҳону истироҳаткунандагонро бо зебоии нотакрораш тасхир намудааст. Инчунин «Чорчаман» тарғибгари ҳунару  фарҳанг ва расму оинҳои миллии мардуми тоҷик мебошад.

ДАР АКС: Қалъае дар болои кӯҳҳои атрофи мавзеи истироҳатии «Чорчаман»

Дар ин ҷо ошхонаи миллӣ фаъолият менамояд. Инчунин дар осиёби обӣ гандумро орд намуда, бонувони чирадаст дар танӯр нонҳои гуногуни  тоҷикӣ омода месозанд. Растаю дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ ба мавзеи истироҳатии «Чорчаман» ҳусни дигар зам намуда, дар онҳо барои сайёҳон армуғонҳо ба фурӯш гузошта шудаанд.   Ба мавзеи истироҳатии «Чорчаман» пайкараю муҷассамаҳои ҳайвонот, парандаҳо, меваҳо, асбоби мусиқӣ, нишастгоҳҳо дар шакли киштӣ, зарфҳои гуногуни рӯзгор, аз қабили  хумдону кӯзаҳои калон, ки бо тахайюлоти бою рангини меъморон аз гилу чӯб, оҳану тунука  офарида шудаанд, шукӯҳу шаҳомати хосса зам намудаанд.  Ин аст, ки Пешвои миллат ба мавзеи зебои «Чорчаман» панҷ маротиба ташриф овардаанд.

«CHORCHAMAN XILLS» — мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ 

Яке аз иншооти муосире, ки дар мавзеи «Чорчаман» бунёд гардидааст, меҳмонхонаи замонавии «Chorchaman Xills» аст, ки аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд ва соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Меҳмонхонаи «Чорчаман Хиллс» сеошёна  ва аз 25 ҳуҷра иборат аст.

ДАР АКС: Меҳмонхонаи замонавии «Chorchaman Xills»

Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти меҳмонхона, инчунин хизматрасонӣ тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонист. Меҳмонхонаи «Chorchaman Xills» дар як гӯшаи зебои истироҳатгоҳ бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шуда, ҳадафи асосии сохтмони ин инфрасохтор ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Меҳмонхонаи «Chorchaman Xills» дорои хизматрасониҳои фарох буда, барои саёҳати меҳмонон дар ҷойҳои хушбоду ҳаво ва  тамошобоби Дарвоз, бахусус  «Чорчаман» мусоид аст.

Сайёҳӣ — соҳаи ояндадор дар Дарвоз 

Сайёҳӣ, ки яке аз бахшҳои ғанӣ намудани буҷети давлат ба ҳисоб меравад, бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, табиати нотакрор, ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ дар Дарвоз хеле рушд намудааст.

ДАР АКС: Қалъае, ки аз хишти пухта дар болои кӯҳҳои мавзеи истироҳатии «Чорчаман» бунёд гардидааст

Мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Беҳзод Хоҷаев дар суҳбат ба хабанигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ноҳияи Дарвоз ду хатсайри сайёҳӣ дар масири Душанбе-Дарвоз ташкил гардидаанд. Дар Дарвоз 1 мавзеи таърихӣ-шаҳри қадимаи Карон,  25 мавзеи зиёратӣ,  1 мавзеи исттироҳатӣ- «Чорчаман»  мавҷуданд, ки ҳамчун инфрасохтори сайёҳӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ хизмат мерасонанд. Дар  чор ҷамоати деҳоти ноҳияи Дарвоз бо мақсади рушди сайёҳӣ дар деҳаҳои Ёгед, Паткуноб, Курговад ва Висхарв деҳкадаҳои сайёҳӣ ташкил карда шудаанд, ки чун деҳаҳои қабулкунандаи сайёҳон маъмуланд.

Намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили  сайёҳии кӯҳнавардӣ,  сайру саёҳат, этнография ва экологӣ дар Дарвоз бештар рушд намудаанд. Дар оянда харитаи сайёҳии ноҳия  таҳия ва нашр мегардад. Ноҳияи Дарвоз дорои 12 меҳмонхонаи замонавӣ ва 9 ҳомстей мебошад. Соли равон  қариб 900 нафар  сайёҳони хориҷӣ аз кишварҳои Амрико, Русия, Ҳиндустон, Нидерландия, Голландия, Олмон, Британияи Кабир,  Чин, Канада, Фаронса  ба тамошои ин гӯшаи зебои Тоҷикистон омаданд. Шумораи сайёҳони дохилӣ, ки аз Дарвоз боздид намудаанд, беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад.

ДАР АКС: хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода

Рушд намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон ва боздиди шумораи зиёди ҷаҳонгардони хориҷӣ аз он бозгӯи он аст, ки сайёҳӣ дар “дарвозаи тилоии Бадахшон” соҳаи ояндадор аст.

                                        Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                              Душанбе-Дарвоз-Душанбе

  АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Сентябрь 27, 2021 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бедор кардани эҳсоси ҳифзи марзу бум нақши муассир дорад», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Чиндао Бинҳайи Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид