Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуданд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд.
Дар маросими мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, нахуст дар маркази ҷамоат маркази хизматрасонии соҳибкор Нуриддин Азизовро ба истифода дод. Дар ин марказ, ки дорои ошхона, чойхона барои калонсолон ва дорухона буда, бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст, то 40 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашта, ба аҳолӣ ва меҳмонони ҷамоат хизмат мерасонад.
Раиси вилоят ба фаъолияти соҳибкор баҳои баланд дода, ташкили чунин марказҳои хизматрасонии муосирро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот зарур арзёбӣ кард.
Сипас, дар маҳаллаи Сари бозори ҷамоат нуқтаи ёрии таъҷилӣ ифтитоҳ шуд. Бинои мазкур аз ҷониби соҳибкор Хуршед Ҳоҷиев ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки ба аҳолӣ хизмат мерасонад. Ба нуқтаи ёрии таъҷилӣ ҳамзамон аз тарафи соҳибкор Комилҷон Мансуров як мошини ёрии таъҷилӣ ба маблағи 150 ҳазор сомонӣ туҳфа карда шуд.
Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро ситоиш карда, таъкид дошт, ки саҳми чунин саховатмандон дар рушди деҳот назаррас аст ва ин амали онҳо намунаи ибрат аст. Инчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда ба ҷамоат ду адад нақлиёти ёрии тиббӣ расонида мешавад.
Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар ифтитоҳи синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70 ширкат варзида, бо хонандагони мактаб суҳбат кард. Раиси вилоят аз толибилмон даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил карда, дар оянда чун мутахассисони кордон ба воя расанд.
Синфхонаҳои иловагӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд.
АКСҲО: МИҲД-и в. Суғд










«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






