Дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҷамъомад баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ — эҳтиром ба Ватан аст» ҷамъомад баргузор гардид, хабар дод ёвари ректор ва мудири бахши робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар».
Пеш аз оғози ҳамоиш меҳмонон аз шароиту имконияти илмомӯзии донишҷӯён, маркази таълимӣ-маърифатии радиошунавоии “Амри вақт”-и донишгоҳ, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва идораи грантҳо дидан намуданд
Дар ҷамъомади идона муовини раиси ноҳияи Давғара Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки “осудагиву амният, Вахдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ арзишҳои ниҳоят муҳим ва муқаддас буда, баҳри таҳким, густариш ва ҳифзи ин арзишҳо бояд ҳар фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулияти том ҷаҳду талош намояд. Бахусус мо, сокинони ноҳияи Данғара ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки ваҳдати миллиро бо талошу кӯшиш, ҷонфидоиҳо ва азму иродаи матини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради азалии мардуми баору номуси Ватан ва бо заҳматҳои ҳазорон тан фарзандони шуҷою далери кишвар ба даст овардаем, бояд бештар ба қадри он расида, паи ҳифзаш содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем”.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки “ҳамагонро зарур аст, ки дар самти таҳкими ваҳдат ва тарғиби ғояҳои суботу оромӣ фаъол бошанд. Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти фарҳангӣ сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот саҳми арзанда гузошта, дар сафҳои худ неруи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеаро гирд оварда, намунаи барҷастаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад”.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба масъалаи ободонию созандагӣ иброз дошт, ки “таърих собит намудааст, ки ватанро танҳо фарзандони асилу номбардор метавонанд бунёд намуда, ба наслҳои оянда ба мерос гузоранд. Аз ин рӯ, ҷавонон бояд зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шуда, барои ободиву пешрафти давлати соҳибистиқлоламон саҳм гузоранд”.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Нуралӣ Шоҳиён аз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф, таҳия ва дар амал татбиқ намудани барнома ва стратегияҳои муҳим дар самти баланд бардоштани донишу малака, маҳорат, ихтироъкориву навоварӣ ва тайёр намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат сухан гуфт.
Ҷамъомади тантанавӣ бо тақдими китоби “Фазонафарзанди миллат”-и устоди Донишгоҳи давлатии Данғара Шарифхуҷа Ҳасанов ба меҳмонон ва иштирокчиён анҷом ёфт.
АКСҲО аз Донишгоҳи давлатии Данғара








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
БАҲОРИ ГУЛРЕЗИ ТОҶИКИСТОН. Барои кишоварзон мавсими кишту кор фаро расид
НУҚТАИ НАЗАР. Ва ё нонреза ҳам нон аст
Дар шаҳри Кӯлоб 28 мавзеи осебпазир муайян гардидааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи Кӯлоб корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ идома доранд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






