Дар Душанбе ҷаласаи муштараки прокуророни генералии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз ҳайати Прокуратураи генералии Русия таҳти роҳбарии Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов бо сафари корӣ ба Душанбе омад. Онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон истиқбол гирифт.
Тавре аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, субҳи имрӯз дар Боғи “Ғалаба” баҳри пос доштани хотираи қаҳрамонону иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар назди оташи ҷовидон маросими гулчанбаргузорӣ сурат гирифт.
Имрӯз соати 10:00 дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи муштараки ҳайатҳои прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Русия оғоз шуд.
Дар он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, дурнамои баргузории чорабиниҳои муштарак оид ба масъалаҳои мубрами прокуратура мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Прокуратураи генералии Русия бо даъвати ҷониби Тоҷикистон бо сафари кории дурӯза ба Душанбе ташриф овардааст.
АКСҲО аз сомонаи Прокуратураи генералии ФР









Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






