Дар Муъминобод ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Сентябрь 7, 2021 09:14

ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ«Ховар/. Дар ноҳияи Муъминобод бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод.

Дар ҷаласа  раиси ноҳия Лутфия Шарифзода, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода ва тамоми фаъолони ноҳия иштирок намуданд.

Лутфия Шарифзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, иброз дошт, ки «ноҳияи Муъминобод тайи 30 соли истиқлолият бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суръати баланд рушд намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Дар ноҳия 16 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, сатҳи зиндагии мардум боло рафта истодааст».

 Муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода доир ба нақши соҳибистиқлолӣ дар рушду пешрафти мамлакат ва арҷгузорӣ ба ин неъмати бебаҳо сухан гуфт.

Зимни ҳамоиш ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муаллими тарбияи ҷисмонӣ Шариф Миров медали «Хизмати шоиста» ва ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, ки дар рушду нумӯи ноҳия саҳми босазо гузоштаанд, ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод тақдим гардиданд.

АКСҲО: МИҲД-и ноҳияи Муъминобод

Сентябрь 7, 2021 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд