Дар СААД шӯро оид ба масъалаҳои амнияти биологӣ таъсис мешавад

Сентябрь 15, 2021 13:38

ДУШАНБЕ, 15.09.2021/ АМИТ «Ховар»/. Котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) дар як ҷаласа дар Душанбе тасмим гирифтанд, ки Шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдор оид ба амнияти биологӣ таъсис дода шавад.

 Ба мухбири АМИТ «Ховар» маълум гардид, ки шӯрои мазкур вазъи марбут ба таъмини амнияти биологӣ дар кишварҳои узви СААД-ро таҳлил карда, мубодилаи таҷриба ташкил мекунад, тавсияҳо оид ба ташаккул ва рушди фаъолияти ҳамоҳангшуда дар ин самтро омода менамояд.

Вазифаҳои он, аз ҷумла, аз таҳияи пешниҳодҳо оид ба чораҳои амалии муштараки давлатҳои СААД оид ба пешгирии таҳдидҳо ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки бо таъсири омилҳои биологӣ алоқаманданд, иборат хоҳанд буд. Илова бар ин, кишварҳо ният доранд заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ дар доираи СААД -ро такмил дода, ҳамкории сохторҳои махсусро дар соҳаи амнияти биологӣ тақвият диҳанд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 15, 2021 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд