Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки 3000 нафар аскарону афсарон ва сарбозони захиравӣ паради ҳарбӣ доир гардид

Сентябрь 7, 2021 15:01

ТУРСУНЗОДА, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз  ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он се ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ иштирок намуданд, иттилоъ дод котиби матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ  «Ховар». 

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбариро ба ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳор дошт, ки “истиқлолият муқаддастарину азизтарин  неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Мо ифтихор аз он дорем,  ки  бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешонгаштаи тоҷик  сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар модару фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ дида мешавад”.

Зикр шуд, ки хушбахтона, мардуми шарифи Тоҷикистон бо Сарвари хирадманди хеш  дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, бо меҳнату заҳмати содиқона ва азму иродаи қавӣ сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ кард ва ободу пешрафта гардонид. Имрӯз мо бо ифтихори баланди миллӣ дар якҷоягӣ ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлати азизамонро ҷашн мегирем.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Сентябрь 7, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад