Дар заминларзаи субҳи имрӯз дар Тоҷикистон ба вуқӯъомада талафоти ҷониву хисорот нест

Сентябрь 2, 2021 11:50

ДУШАНБЕ, 02.09.2021 / АМИТ «Ховар»/. Соати 09:50-и  2 сентябр дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд, ки  маркази он дар  километри 190-уми самти ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе,  дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад.

Қувваи заминларза дар марказаш 4-5 балл,  дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт 2 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ва хисорот ба қайд  гирифта нашудааст.

Сентябрь 2, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш