Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти таҳсилӣ ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Ҷумҳурии Узбекистон 4 гранти таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ҷудо намудааст, иттилоъ доданд аз Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Барои ҳуҷҷатсупорӣ довталаб бояд сараввал дар вебсайти донишгоҳ http://admissions.univ-silkroad.uz/ худро номнавис намояд. Сипас ҳуҷҷатҳои худро (бо шакли PDF) ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ супорида, дар марказ низ сабти ном намояд.
Бояд гуфт, ки дарсҳо ба забони англисӣ буда, довталабон бояд забони англисиро мукаммал донанд.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро то 16 сентябр ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






