Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим»-и Узбекистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон 4 гранти таҳсилӣ ҷудо намуд

Сентябрь 11, 2021 09:22

ДУШАНБЕ, 11.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии  «Роҳи Абрешим»-и Ҷумҳурии Узбекистон 4 гранти таҳсилӣ  барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ҷудо намудааст, иттилоъ доданд аз Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Барои ҳуҷҷатсупорӣ довталаб бояд сараввал дар вебсайти донишгоҳ http://admissions.univ-silkroad.uz/ худро номнавис намояд. Сипас ҳуҷҷатҳои худро (бо шакли PDF) ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ супорида, дар марказ низ сабти ном намояд.

Бояд гуфт, ки дарсҳо ба забони англисӣ буда, довталабон бояд забони англисиро мукаммал донанд.

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои заруриро то 16 сентябр ба суроғаи Маркази барномаҳои байналмилалӣ дар  шаҳри Душанбе, кӯчаи М.Турсунзода 47 (назди Алиф Сармоя) пешниҳод намоянд ё тариқи телефони 2-23-23-59 ва почтаи электронӣ: mbb-2008@mail.ru тамос гиранд.

 АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 11, 2021 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд