Эмомалӣ Раҳмон: Дар солҳои истиқлолият низоми бонкӣ рушд намуда, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд

Сентябрь 8, 2021 11:46

ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ татбиқ гардида, низоми бонкӣ ташаккул ёфт ва соли 2000-ум пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар суханронияшон дар ҷаласаи тантанавие, ки имрӯз дар «Кохи Борбад» ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, зикр намуданд.

Сарвари давлат изҳор намуданд, ки бо амалӣ гардидани тадбирҳо ва ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ташкилоти қарзию молиявии шаклҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба мардум ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизматрасониҳои бонкӣ пешниҳод менамоянд.

«Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2011 – 2020) ба иқтисоди миллӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 45,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд. Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид»,- изҳор доштанд Сарвари давлат.

Ҳамзамон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид.

Сентябрь 8, 2021 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1108 то 0.1140 сомонӣ муқаррар шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад