ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон бар дастаи «Равшан» ғолиб омад

Сентябрь 20, 2021 16:08

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри  Душанбе дар даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон  бар дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дастболо шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Бозии марказии даври 19-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  бо пирӯзии чемпиони феълии мамалакат ба анҷом расид. Баъди ба даст овардани се имтиёзи навбатӣ дастаи  футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе мақеи худро боз ҳам дар садри ҷадвал мустаҳкам намуд.

Бозии ояндаи худро  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  21 сентябр баргузор менамояд. Дар ин рӯз дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтарро қабул менамояд.

Чемпионати Тоҷикистон

Даври 19-ум

«Истиқлол» — «Равшан» — 2:0

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 80 аз ҷаримаи 11-метра (1:0). Ваҳдат Ҳанонов, 90+4 (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе): Шоҳрух Қирғизбоев, Ваҳдат Ҳанонов, Андрей Мишенко, Алексей Ларин, Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (Далер Имомназаров, 64) , Хуршед-Тимур Ҷураев (Петар Патев, 56), Ислом Зоиров (Шарифбек Раҳматов, 90+1), Алишер Ҷалилов, Рустам Соиров (Салам Ашурмасадов, 56), Шервонӣ Мабатшоев.

Сентябрь 20, 2021 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид