Генерал -полковник Александр Лапин: Ба кишварҳои СҲШ кӯшиши ҳамлаи террористӣ аз Афғонистон таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷангҷӯён аз Афғонистон метавонанд кӯшиши рахна кардани қаламрави кишварҳои узви СҲШ-ро кунанд,-гуфт фармондеҳи Округи марказии низомии Русия, генерал-полковник Александр Лапин ҳангоми ифтитоҳи машқҳои низомии СҲШ дар наздикии Оренбург. Дар ин бора дирӯз Sputnik хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар минтақаи Осиёи Марказӣ тезу тунд шудани вазъият ба назар мерасад.
Мавсуф зикр намуд, ки анҷоми амалиёти низомии ИМА дар Афғонистон боиси афзоиши якбораи таҳдидҳои террористӣ дар фазои ягонаи АвруОсиё шуд.
«Дар заминаи ғасби ҳокимият аз ҷониби толибон дар Афғонистон таҳкими мавқеъҳои ДИИШ* ва дигар созмонҳои террористии байналмилалӣ, ки таҳдиди воридшавии онҳоро ба минтақаҳои наздисарҳадии кишварҳои мо ба миён овардааст, боиси нигаронии хос аст», — гуфт фармондеҳи округи харбии марказй.
Қобили зикр аст, ки дар наздикии Оренбург машқҳои муштараки зиддитеррористӣ ва ситодии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои СҲШ дар пасманзари тезу тунд шудани вазъ дар Афғонистон баргузор мешаванд.
Машқҳои «Миссияи сулҳ – 2021» аз 20 то 24 сентябр дар машқгоҳи Донгузи вилояти Оренбург баргузор мешаванд. Дар онҳо бори аввал як контингенти низомӣ аз Беларус иштирок хоҳад кард.
Дар машқҳо тақрибан 5,5 ҳазор низомиён ва беш аз 1,2 ҳазор адад аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва техникаи махсус амал менамоянд.
Ба гурӯҳи авиатсионӣ ҳайати ҳавопаймоҳои панҷ минтақаи Федератсияи Русия, пойгоҳи ягонаи низомии Русия дар Канти Қирғизистон ва халабонҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон шомиланд.
______________________
*ДИИШ ва Толибон созмонҳои террористие мебошанд, ки дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ шудаанд.
ДАР СУРАТ: Хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбии Федератсияи Русия








Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд






