ИЛМИ ГЕОЛОГИЯИ ТОҶИК 80-СОЛА МЕШАВАД! Дастовардҳои он ба шароити геологӣ, табиати нотакрори Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон чун осорхонаи табиӣ-геологӣ эътироф шудааст, вобастаанд

Сентябрь 12, 2021 08:55

ДУШАНБЕ, 12.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол олимон ва мутахассисони соҳаи геологияи кишвар дар баробари таҷлили ҷашни фархундаи миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин 80-солагии таъсиси илми геологияро ҷашн мегиранд.

Расо 80 сол пеш, 1 марти соли 1941 дар заминаи бахши геологии пойгоҳи Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС Институти геология ташкил карда шуд. Ба ғайр аз ин, дар ин соли таърихӣ ба ташкили Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология, ки дар натиҷаи якҷояшавии Институти геология бо Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология таъсис ёфт, 10 сол пур мешавад. Дар робита ба солгарди таърихии илми геология дар институт гузаронидани конфронсҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва семинарҳои илмӣ ба нақша гирифта шудааст. Чунин изҳори назар намуд муовини директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ Мустафо ГАДОЕВ.

Дар зер андешаҳои пурраи муаллиф манзур мешаванд.

-Донишҳои умда ва назаррас оид ба масъалаҳои мухталифи геология дар асрҳои IX-X дар асарҳои машҳури донишмандони бузурги Шарқ Ал-Киндӣ, Закариёи Розӣ, Абуалӣ ибни Сино (Авитсенна) ва Абурайҳони Берунӣ дида мешаванд. Дар эҷодиёти онҳо маълумоти арзишманд доир ба пайдоиши минералҳо, таснифот, коркард ва истифодаи онҳо, қабатҳои кураи Замин, равандҳои геологӣ, пешниҳоди аввалини системаи гелиосентрии олам, координатҳои географӣ ва ғайра оварда шудаанд, ки то ҳол мавриди омӯзиш ва истифода қарор доранд.

Дар солҳои минбаъда, махсусан ибтидои асри XX дар омӯзиши геология ва канданиҳои фоиданоки Осиёи Миёна саҳми сайёҳон ва муҳаққиқони рус, аз ҷумла ҷамъияти ҷуғрофии Русия басо калон арзёбӣ мегардад.

Марҳилаи асосии омӯзиши ҳаматарафаи самти геология, боигариҳои минералӣ ва шароити табиии Тоҷикистон ба замони шӯравӣ, ки аз солҳои бистуми асри ХХ оғоз меёбад, бо фаъолияти экспедитсияҳои комплексии Шӯравӣ-Олмон, Помир, Тоҷик ва экспедитсияи Тоҷику Помир, ки солҳои 1928-1937 гузаронида шудаанд, алоқаманд аст.

Мавриди зикр аст, ки дар миёнаи асри гузашта дар баробари мутахассисони русзабон дар саҳнаи илми тоҷик, ки маҳзани асосиаш Институти геология маҳсуб меёфт, кадрҳои миллӣ, ба монанди С.М. Юсупова, Р.Б. Баратов, М.Р. Ҷалилов, А.Р. Файзиев, Г.Х. Салибаев, С.М. Бобохоҷаев, Ф.Х. Ҳакимов, Х.М. Юсупов, М.Х. Хамидов, А.М. Бабаев, М.Б. Акрамов, В.Д. Дусматов, А.Р. Қориев, Х.С. Тоҷиддинов, Г.Ш. Очилов, Ғ.Т. Тоҷибоев, С.Н. Алиев, М.З. Пулатова, Х.Н. Назаров ва дигарон пайдо шуда, ба омӯзишу тадқиқи самтҳои гуногуни геологияи кишвар машғул шуда, ба дастовардҳои бузурги илмӣ соҳиб гардиданд ва бо иштироки худ дар конфронсу семинарҳо ва дигар нишастҳои илмию амалии байналмилалӣ номи Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Олимони болозикр на танҳо ба таълифу омӯзиш, балки ба тарбияи ҷавонон машғул шуда, тавонистанд мактабҳои илмии худро созмон диҳанд ва ба ин васила номи худро дар саҳифаи геологияи точик бо ҳарфҳои заррин сабт намоянд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Институт даврони басо мушкил пеш омад, чунки қисми зиёди мутахассисони соҳа тарки ҷумҳурӣ намуданд ва риштаи ҳамкории илмӣ бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ канда шуд. Албатта, дар зери сиёсати илмдӯстона ва ғамхоронаи роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшиши зиёди кормандони Институт мушкилоти болозикр зина ба зина ҳалли худро ёфтанд ва ин иқдом то ҳанӯз идома дорад.

Дар ин давра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Институт дар соҳаҳои геологияи регионалӣ ва тектоника, палеонтология ва стратиграфия, петрология, геодинамика, магматизм ва маъданпайдошавӣ, литология ва минералогия ба роҳ монда шуда, ҳамкории нави муштараки илмӣ бо донишгоҳҳо, институту марказҳои илмии Олмон, Полша, Австрия, Америка, Белгия, Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон оғоз шуданд.

Маълумоти нав оид ба морфология ва системабандии ҳайвоноти сангшудаи қадима ба даст оварда шуда, аввалин бор дар қаламрави Тоҷикистон қабилаю ҷинс ва намудҳои нави онҳо муайян ва тафсир карда шуданд. Дар натиҷа қабатҳои нави стратиграфӣ ба қайд гирифта шуда, оид ба иқлим, шароити геологӣ ва таҳаввулоти олами ҳайвоноти давраҳои геологӣ хулосаҳои илмӣ пешниҳод карда шуданд, ки дар якҷоягӣ барои корҳои ҷустуҷӯию баҳодиҳии геологӣ аҳамияти калони амалӣ доранд.

Натиҷаҳои бадастоварда дар соҳаи геологияи магматикии минтақа- ин муайян намудани шароити геодинамикии пайдошавии гранитоидҳои фанерозоии Помиру Тиён-Шон ва ба кадом навъи геохимиявӣ мансубият доштани онҳо мебошад. Маълум карда шудааст, ки онҳо аз унсурҳои нодир ва маъданӣ бой буда, дорои маъданнокии тилло, нуқра, қалъагӣ, волфрам, молибден, мис, сурб, уран, торий мебошанд. Собит карда шуд, ки якчанд конҳои унсурҳои маъданӣ ва нодир дар минтақа бо ҷинсҳои магмавие алоқаманданд, ки дар шароити геодинамики дохилиплитавӣ ва субдуксионӣ пайдо шудаанд.

Дар даврони Истиқлолият яке аз самтҳои асосие, ки дар Институт рушд ёфт, ин омӯзиши конҳои канданиҳои фоиданок бо усули термобарогеохимиявӣ мебошад. Бо ёрии ин усул шароити бавуҷудоии конҳои флюорит, барит, аметист, оҳан, нуқраю полиметаллӣ ва сангҳои қиматбаҳо омӯхта шуда, меъёрҳои ҷустуҷӯӣ ва баҳодиҳии онҳо коркард карда шуданд.

Тадқиқоти зиёди илмӣ барои муайян кардани синну соли ҷинсҳои кӯҳӣ бо истифода аз усулҳои замонавӣ дар Помир, депрессияи Тоҷик, қаторкӯҳҳои Ҳисору Қаротегин ва Зарафшону Туркистон гузаронида шуданд, ки маълумоти гирифташуда, дар оянда барои навсозии харитаи геологии Тоҷикистон замина хоҳад гузошт.

Кормандони соҳа дар якҷоягӣ бо олимони марказҳои илмӣ ва институтҳои машҳури ҷаҳонӣ дар барномаҳои байналмилалӣ оид ба омӯзиши қишри замини кишвар бо усулҳои геофизикӣ иштирок намуда, дар ҳамаи манотиқи ҷумҳурӣ пойгоҳҳои муваққатӣ вобаста аз ҷойгиршавии сохторҳои геологӣ насб намуданд. Ҳамчунин дар вобастагӣ аз хатсайрҳои муайяни геологӣ ҷиҳати муайян намудани ҳаракати сохторҳои алоҳидаи қишри замин дар қаламрави кишвар пойгоҳҳои муваққатии GPS низ насб карда шуданд. Ҳамаи ин маводи аз ҳамкории муштараки илмӣ бадастомада дар барномаҳои муосири рақамӣ коркард карда шуда, натиҷаҳои тадқиқот дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ ба табъ расонида шуданд.

Дар замони Истиқлолият омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос дар Институт бо истифодаи захираҳои дохилӣ ва бо роҳи ҷалби грантҳои институҳои байналмилалӣ, дар доираи шартномаҳои муштараки дуҷониба бо давлатҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуд. Мутахассисони ҷавони соҳа барои таҳсил аз курсҳои бозомӯзии кӯтоҳмуддат сар карда, то ба магистратураю докторантура, доктори фалсафа фаро гирифта шуданд, ки аксарияти онҳо пас аз бозгашт дар Институт фаъолият менамоянд.

Дар ҷодаи навсозӣ ва ё рақамикунонии асбобу таҷҳизоти мавҷудаи самти геология, Институт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Натиҷаи коркарди ҷинсҳои кӯҳӣ ва минералҳо дар лабораторияҳои муассиса имкон дод, ки солҳои охир бо заҳмати шабонарӯзии мутахассисони ҷавони соҳа якчанд минералҳои нав якумин маротиба дар ҷаҳон дар каламрави ҷумҳурӣ кашф шуданд.

Дастовардҳои номбаршуда ба шароити геологӣ, табиати нотакрор ва биҳиштосои Тоҷикистон, ки қисми зиёдашро кӯҳсор ташкил медиҳад ва дар ҷаҳон ҳамчун осорхонаи табиӣ-геологӣ эътироф шудааст, вобастагӣ доранд. 

АКС: АМИТ «Ховар «

Сентябрь 12, 2021 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид