Имрӯз дар Тоҷикистон мавсими нави театрӣ оғоз мешавад

Сентябрь 25, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар театрҳои Тоҷикистон мавсими нави театрӣ бо намоишҳои тоза ва ҷолиб оғоз мегардад. Мавсими нави театрӣ аз солҳои қаблӣ бо вижагиҳои худ, интихоби мавзӯъ, сатҳи касбият, шакли пешниҳоду  нақшофарии ҳунарпешагон, сабку услуби коргардонҳо, саҳнаофариву мусиқӣ фарқ мекунад. Зимни мавсими нав ҳунарпешаҳои касбии мамлакат намоишҳои пурмазмунро аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ омода намуда, ба саҳна мегузоранд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мавсими нави 92-юми театрии худро бо намоиши «Шикори шер»-и С. Усмонов аз рӯи асари адиби Миср Зайдон Ҷирчи оғоз менамояд.

Театри давлатии драмавии русии ба номи Вл. Маяковский маросими оғози мавсими нави 84-уми театрии хешро бо спектакли «Ханума» ифтитоҳ мебахшад.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки «мавсими нави театрҳо то моҳҳои июл-августи соли 2022 идома меёбад. Дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст ва мо ихлосмандону ҳаводорони театрро ба маросими мазкур барои тамошои ин намоишҳо даъват менамоем».

Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳунармандони тоҷик дар мавсими нави театрӣ нақшаҳои зиёд доранду спектаклҳои навро ҳам барои тамошобинони хурдсол ва  ҳам калонсолон дар жанрҳои гуногун ба саҳна хоҳанд гузошт.

Бояд гуфт, ки дар маросими оғози мавсими нави театрӣ масъулини Вазорати фарҳанг ва намояндагони касбу кори гуногун, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиён ва ҳаводорони санъати театрӣ иштирок менамоянд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 25, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад