Иштироки Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар гуфтугӯи интерактивӣ оид ба вазъият дар Афғонистон
ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр дар Ню-Йорк Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар гуфтугӯи интерактивӣ оид ба вазъият дар Афғонистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфтугӯи мазкур бо тамаркуз ба пайомадҳои вазъи баамаломада ба занону духтарон ва ақаллияти миллии он кишвар, назорати ҳуқуқи инсон ва чораҳои ҷавобӣ бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Канада ва Британияи Кабир дар СММ баргузор гардид.
Дар суханронии худ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ мавқеи кишварро дар робита ба вазъ дар Афғонистон, бахусус зарурати созмон додани ҳукумати ҳамашумул бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи ақаллияти миллӣ таъкид кард.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






