Корхонаҳои Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол кардаанд

Сентябрь 6, 2021 14:47

ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонии Тоҷикистон  дар шашмоҳаи аввали соли равон ба маблағи 1,5 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нуҳ дарсадро ташкил дод. Ҳаҷми содироти масолеҳи сохтмонӣ 27,2 миллион доллари амрикоӣ ва ҳаҷми воридот 26,6 миллион долларро ташкил намуд. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад. Қисми зиёди масолеҳи сохтмонии воридотиро кошин, шиша, гаҷкартон ва маснуоти санитарӣ ташкил медиҳад. Дар ин давра аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбекистон, Афғонистон ва Қирғизистон 613,2 ҳазор тонна семент интиқол дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дар байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар моҳи январ — июни соли равон аз ҷиҳати афзоиши суръати истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ки 21,5 дарсадро ташкил дод, зинаи баландтаринро соҳиб шуд. Дар ин раддабандӣ  баъд аз Тоҷикистон Молдова ва Беларус  бо 11,9 — 11,1 дарсад ва Узбекистон бо 8,2 дарсад қарор доранд. Инчунин тибқи маълумот, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Чин 15,9 дарсадро ташкил дод.

 Акс аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Сентябрь 6, 2021 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд
Соли равон соҳибкорони Тоҷикистон ба маблағи 71,3 миллион сомонӣ андоз супориданд