Муҳлати дипломатии Сафири Чин дар Тоҷикистон ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 23.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Бин бино ба итмом расидани муҳлати кори мавсуф ҳамчун роҳбари намояндагии ин кишвар дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз дастовардҳои ду кишвари ҳамҷавору дӯст ва шарики стратегӣ дар ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, нақлиёт, саноат, маориф, илмӣ-техникӣ, фарҳангиву гуманитарӣ дар ин давра изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷӣ барои саҳми шоистаи Сафир Лю Бин дар таҳкими ҳамкории мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ намуда, ба ӯ комёбӣ ва ба кишвари дӯсти Чин шукуфоӣ таманно кард.
АКС аз ВКХ ҶТ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






