«Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо». Таҳти чунин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолият зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии соҳаи геологияро пазируфт. Чунин зикр намуд 4 сентябр дар ҳамоиши муштараки ҷавонони Саридори геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Нақши ҷавонон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо» Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.
Дар ҳамоиш Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Санъат Раҳим, Раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва роҳбарону кормандони он иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаи геология боздид намуданд. Дар намоиш натиҷаҳои фаъолияти Саридораи геология дар тӯли 30 сол, кашфи конҳо, техника ва таҷҳизоти навтарини соҳа, намунаҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, ороишӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуданд.
Дар ин давра зиёда аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф шуда, ҳоло зиёда аз 50 навъи ашёи минералӣ истихроҷ мегарданд. Бархе аз конҳо аз ҷиҳати захира, аз ҷумла кони нуқра, сурбу руҳи Кони Мансур аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, қисми дигари онҳо, ба монанди кони сурмаю симоби Дижакрӯд дар миқёси ИДМ ҷойҳои аввалинро ишғол менамоянд. Кони ангишти Назар Айлоқ баъд аз кони ангишти «Ха-Ту» дар Ветнам дар ҷаҳон ҷойи дуюмро ишғол намудааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо истифода аз захираҳои қаъри замин соҳаҳои саноати кӯҳкорӣ, кимиё, сӯзишворию энергетикӣ, сохтмон ва сангтарошӣ бунёд ва рушд ёфтанд.
Мутахассисони соҳаи геология бо омӯзиш ва пешгӯии равандҳои муҳандисию геологӣ, гидрогеологӣ, заминларза ва рафъи оқибатҳои онҳо пайваста машғуланд. Онҳо дар омӯзиши равандҳои дар кӯли Сарез вуҷуд дошта, ярчи соҳили дарёи Вахш (поёнтари шабакаи барқии Бойғозӣ), таҳқиқоти гидрогеологӣ дар НБО «Норак», муайян намудани дараҷаи таҳлили равандҳои экзогении геологӣ ба объектҳои хоҷагии халқ ва манзилии аҳолӣ, пармакунии чоҳҳоииктишофию истифодабарӣ доир бо обҳоиз еризаминӣ ва роҳи оҳани Бохтар–Ёвон, таҳқиқоти реҷаи истифодабарии ҳавзаҳои обҳои зеризаминӣ, мушоҳида барӣ аз рӯи равандҳои хавфноки геологии дар ҳудуди шаҳри Роғун, ки баъд аз заминҷунбӣ ба амал омаданд, корҳои зиёдро ба анҷом расониданд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҳамоиш як қатор ҷавонони фаъоли соҳа бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.
АКСҲО аз Саридори геологияи назди Ҳукумати ҶТ











Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд






