ҶОИЗА МУБОРАК! Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева сазовори ҷоизаи махсуси Кинофестивали байналмилалии Тошканд «Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим» гардид
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева барои саҳми бузургаш дар рушди кино сазовори ҷоизаи махсуси Кинофестивали байналмилалии Тошканд «Дурдонаи Шоҳроҳи Абрешим» гардид. Ба ин ҷоизаи махсус ва 20 ҳазор доллари ИМА масъулони фестивал чанд ситораи маъруфи синамои дунё: Сайрам Исоева (Тоҷикистон), Раҷ Капур (Ҳиндустон), Никита Михалков (Русия), Нурӣ Билге Ҷейлам (Туркия) ва Ойтурған Темирова (Қирғизистон)-ро сазовор донистанд. Ҷоизаи шодравон Раҷ Капурро ба писараш супурданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Tashkent International Film Festival.
Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 ба дунё омада, хоҳари ҳунарпеша Марям Исоева мебошад. Донишкадаи театрию бадеии шаҳри Тошкандро хатм кардааст (1964). Ҳамчун ҳунарпеша ва коргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ (1964—2006), саркоргардони Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ фаъолият намудааст.
Нақши аввалинашро дар намоиши «Гавҳари шабчароғ»-и Сотим Улуғзода (холаи Зиёда) бозидааст. Зиёда аз 100 нақш дар пйесаҳои театрӣ офаридааст, аз ҷумла Нозӣ («Ҷанги тан ба тан»-и М.Байчиев), Робия («Суруди нотамом»-и А.Атобоев), Аза («Лулидухтар Аза»-и М. П. Старитский), Сита («Рамаяна»-и А.Гусев), Мирандолина («Сохиби меҳмонҳона»-и П.Бомарше), Шаҳло («Шаҳло»-и Аминҷон Шукӯҳӣ), Сотти («Исёни арусон»-и Саид Аҳмад) ва ғ. Коргардони чанд намоишнома, ба монанди «Маугли»-и Р.Киплинг, «Имтиҳон» ва «Баъди имтиҳон»-и Ф.Ансорӣ, «Дустӣ», «Сайр дар соли нав»-и С.Исоева, «Исёни арусон»-и С.Аҳмад, «Аруси шаҳрӣ»-и Н.Исломов мебошад. Бо киностудияҳои «Тоҷикфилм» ва «Узбекфилм» ҳамкорӣ намуда, чандин нақшҳо, аз қабили Гулнор «Духтари сеюм»-и Анвар Тураев (1969), Гурдофарид «Рустам ва Суҳроб» (коргардон Борис Кимёгаров, 1971), Зумрад «Сирри оила» (коргардон Валерий Аҳадов, 1983), Малика «Агар дӯст дори» (коргардон А.Қуддусов), Малика «Кӯи сафед» (коргардон А.Ҳамроев), Нодира «Танҳо миёни мардум» (коргардон Комил Ёрматов) Майсара «Саргузашти Майсара» «Рӯзҳои гузашта» дар «Узбекфилм» нақшҳои ҷолиб офаридааст.[
Бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Дӯстии халқҳо мукофотонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз 28 сентябр то 3 октябр дар якчанд шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали байналмилалии Осиё, Африка ва Амрикои Лотинӣ баргузор мегардад, ки дар он филмсозони тоҷик бо филмҳои «Рустам ва Сӯҳроб», «Рақси зиндагӣ», «Автобус», «Муаллим» ва «Хаёлпарастони музофотӣ» иштирок мекунанд.
Дар Фестивали байналмилалии филмҳои Тошканд 11 намояндаи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард: директори киностудияи «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, муовини аввали ӯ Толиб Раҳматуллоев, сардори шуъбаи асосии киностудия Акмал Абдуллоев, коргардонҳо Далер Раҳматов, Муҳаббат Сатторова, Искандар Усмонов, наворбардорон Заур Дахте, Шуҳрат Қурбонов, ҳунарпеша Насриддин Нуриддин, суратгир Комрон Сафаров ва мунаққиди филм Тилло Некқадам.
Коргардонҳои тоҷик ба фестивал филми «Рустам ва Сӯҳроб»-и Борис Кимёгаров, «Рақси зиндагӣ»-и Муҳаббат Сатторова, «Автобус» -и Абдулхайр Зокиров, «Муаллим»-и Носир Саидов ва «Хаёлпарастони музофотӣ»-и Румӣ Шоазимовро манзур менамоянд.
Фестивали мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев доир мегардад.
Тибқи иттилои маркази матбуоти фестивал, «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» барои табодули таҷриба бо ҳамкасбони хориҷӣ равона гардидааст. Фестивали байналмилалии Тошканд таҳти шиори «Барои сулҳ, маърифат ва пешрафт!» баргузор мешавад.
Дар он филмсозон аз Узбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Булғористон, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Испания, Қазоқистон, Кения, Қирғизистон, Марокаш, Мексика, Русия, Украина, Филиппин, Фаронса, Швейтсария, Эстония иштирок мекунанд.
Дар фестивали филмҳо барномаи беназир барои синамогарони ҷавон ба нақша гирифта шудааст. Филмсозон ба 13 шаҳр ва 30 макон дастрасӣ пайдо хоҳанд кард. Илова бар ин, иштироккунандагони барнома филмҳои худро дар доираи фестивали кинои насли нав намоиш медиҳанд.
Ба ҳайати доварони байналмилалӣ устодони маъруфи санъат, рассомон, олимон, санъатшиносон ва киношиносон, коршиносони пешбари ин соҳа дохил мешаванд. Барои мукофотонидани филмсозони ҷавон, ки аз ҷониби ҳайати доварон ва мухлисони байналмилалӣ эътироф шудаанд, дар ҳар як номинаи иловагӣ ҷоизаҳои махсус таъсис дода мешаванд.
Ба ғолибони озмуне, ки дар доираи фестивали кино баргузор мешавад, диплом, ҳайкалча ва мукофоти пулӣ супурда мешавад. Барои ҷои 1 -ум дар барномаи «Кинотеатр дар 5 рӯз» ғолиби ҷои 1-ум бо 15000 доллар, ҷои 2 -юм -10 000 доллар ва ҷои 3 -юм бо 7 000 доллар мукофотонида мешаванд.
Дар доираи фестивал Рӯзҳои кинои кишварҳои ҷаҳон — Озарбойҷон, Беларус, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Италия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Узбекистон баргузор мешаванд.
АКСҲО аз «Тоҷикфилм» ва манбаъҳои боз