«ПЕШВОИ ХИРАДСОЛОР». Таҳти ин унвон китоби нави академик Абдуҷаббор Раҳмонзода ба нашр расид

Сентябрь 8, 2021 14:43

ДУШАНБЕ, 08.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи иди фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд китоби академик Абдуҷаббор Раҳмонзодаро таҳти унвони «Пешвои хирадсолор»,  ки ба фаъолияти бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ба нашр расонд.

Дар ин китоб масъалаҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ, ки ба  фаъолияти Пешвои миллат алоқамандӣ доранд, ба таври густурда шарҳ дода шудаанд. Ҳар кадоми он барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ,  рушди фарҳанги миллӣ, арҷ гузоштан ба гузаштаи халқ, расидан ба қадри китобу осори гузаштагон ва боло рафтани ҳисси худшиносиву худогаҳии миллӣ нақши созгор мегузоранд. Муаллиф кӯшиш кардааст, ки саҳми пурарзиши Сарвари тоҷиконро дар таҳаввулоти мадание, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои миллат  амалӣ гардидаанд, тавзеҳ диҳад ва хидмати шоистаи ӯро баҳри пойдории фарҳанг, маънавиёт, маориф ва рушди илм бо мисолҳои мушаххас таъкид гардонад.

Дар ҳақиқат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои расидан ба сулҳи сартосарӣ заҳматҳои зиёд кашиданд, балки борҳо ҷони худро дар хатар гузоштаву баҳри мардумаш роҳи васеи фаъолият ва кору заҳматро боз намудаанд. Дар ин замина Ҷаноби Олӣ корҳои зиёди шоистаи пураҳамият, аз ҷумла баргузории ҷашнҳои бузургони миллатро доир карданд, чопи осори гузаштагонро ба роҳ монданд, садҳо боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, китобхонаву қасрҳои маданиро бунёд намуданд, санъати миллиро ривоҷ доданд, ёдгориҳои таърихиро аз нав бунёд карда, ҷиҳати дарки дурусти  худшиносиву худогоҳии миллӣ якчанд тадбирҳои фарҳангиро амалӣ гардониданд ва ҳам замон барои расидан ба қадри гузаштаи пурифтихори халқаш асарҳои пурмуҳтаво ва ватандӯстона таълиф намуданд.

Маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” баргузор гардида, натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Дар ин озмунҳо хурду бузург иштирок карда, аз сиёсати Роҳбари хирадмандашон дастгирӣ карданд. Ба ин восита дар мамлакат таҳаввулоти ҷиддии фарҳангӣ арзи ҳастӣ намуд ва мардум ба китоб ва мутолиаи он рӯ оварда, аз миёни наврасону ҷавонон беҳтарин навозандагон, оҳангсозон ва сурудхонҳои нав  пайдо шуда, барои пешрафти санъати миллӣ роҳи васеъ боз намуданд. Мақолаи “Эмомалӣ Раҳмон ва арҷ гузоштан ба мутолиаи китоб” маҳз ба ҳамин мавзуъҳо бахшида шудааст.

Дар мақолаи “Тасвири Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик” академик А. Раҳмонзода дар бораи рушди адабиёти муосири тоҷик изҳори назар карда, саҳми адибонро дар тасвири шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқ кардааст. Бешак, дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат дар миёни мардум маҳбубияти хос пайдо кардаанд. Хислатҳои неку башардӯстонаи ӯро адибон бо меҳру муҳаббат васф намуда, симои Президенти мамлакатро ҳамчун ҳомии кишвар, роҳбари ғамхор, инсони ҳимматбаланд ва шахси содиқ ба халқу Ватан тасвир намудаанд.

Дар воқеъ, дар зарфи сӣ соли Истиқлоли миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо пойдевори тавонои сулҳро уствор намуданд, балки дар ободу зебо гардонидани диёрамон  баробари мардуми заҳматкаши тоҷик корнамоиҳо нишон дода, Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи байналмилалӣ машҳур гардонидаанд. Сарвари давлат ғояи неруи нармро тавассути баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ дар саросари олам ташвиқ карда, дипломатияи фарҳангиро ҳам дар давлатдории миллӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷиашон татбиқ намудаанд ва роҳи фарохро барои рушди кишвар фароҳам оварданд. Аксари дигаргуниҳои илмӣ ва фарҳангӣ маҳз ба сиёсати оқилонаи Президенти кишвар вобастагӣ дошта, муаллифи китоб онҳоро пай дар пай таҳлил намуда, саҳми беандоза бузурги Сарвари давлатро дар рушди Тоҷикистон ва боло бурдани маърифати аҳли ҷомеа бо мисолҳо ва ишораҳои шахсии Ҷаноби Олӣ ҷамъбаст намудааст.

Дар китоб муҳимтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ишора шуда, хидматҳои бузург, ҷонфидоӣ, хирадсолории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мисолҳои равшан таҳлил шудааст.

Китоби мазкур дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда ба хотири шинохти шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, ҷиҳати дуруст дарк кардани  масъалаҳои худшиносиву худогаҳӣ, таҳаввулоти маданиву фарҳангӣ ба хонанда маводи нав пешниҳод менамояд.

                                                        АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад