Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро дар ноҳияи Рашт ифтитоҳ намуданд

Сентябрь 21, 2021 21:11

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рашт дар қароргоҳи яке аз қисмҳои низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳро ифтитоҳ карданд.

Созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина таъмини хизматчиёни ҳарбии Артиши миллӣ бо шароитҳои хуби ҳозиразамони хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ доимо дар мадди назари Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин замина пайваста корҳои судманду назаррас амалӣ карда мешаванд.

Бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳи кушоду барҳавои муосир дар масоҳати умумии 890 метри мураббаъ дар рӯзҳои таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи корҳои созандагӣ дар ҳудуди қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардории ҳайати шахсии он қарор дода шуд.

Иншооти Ситоди қисми ҳарбӣ дар масоҳатӣ 320 метри мураббаъ сохта шуда, дохили он аз нуқтаи навбатдори фаврӣ, системаи алоқаи муосир, толори маҷлис, нуқтаи идоракунӣ, ҳуҷраи кории афсарону ҳайати шахсӣ ва аз дигар ҳуҷраҳои гуногуни кориву хизматӣ иборат мебошад.

Хобгоҳи кушоду барҳавои замонавӣ бошад, бо 260 ҷойи хоб барои сарбозон пешбини гардида, он дар масоҳати 570 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми хобгоҳ ба ғайр аз ҳуҷраҳои калони хоби сарбозон, инчунин хонаи хизмативу маишӣ, синфхонаҳои дарсӣ, ҷойи дастурушӯӣ, амбор ва дигар ҳуҷраҳои махсуси хизматӣ ҷойгир карда шудааст.

Барои назорати доимии дохилу атрофи бинову иншоот ва ҳудуди қисми ҳарбӣ камераҳои мушоҳидавӣ насб гардида, бинои мазкур бо системаи гармдиҳӣ таъмин мебошад.

Дар доираи анҷоми корҳои ободонӣ ҳудуди бинову иншооти қисми низомии мазкур бо роҳравҳои бетонӣ, суҳбаткада барои ҳайати шахсӣ, гулу буттаҳо ва бо дигар растаниҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дохил ва ҳудуди қисми низомӣ ва бинову иншооти навбунёд дидан карда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонии он баҳои баланд доданд.

Ба масъулини қисми ҳарбӣ ва ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт супориш дода шуд, ки барои тарбияи дуруст ва таъмини маводи зарурии хурок ва сару либос таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар  доираи анҷоми корҳои сохтмонӣ, бо дастгирии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди тамоми гарнизони мамлакат бисёре аз қисмҳои низомӣ азнавсозӣ, таъмиру тармим гардида, садҳо иншооти муҳим ва аҳамияти ҳарбидошта, аз нав бунёд карда шудааст.

Дар ин замина барои  ҳайати шахсии ҷузъу томҳо манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмуриву ситоди қисмҳои низомӣ, хобгоҳи сарбозӣ, ошхона, иншооти ёрирасони маишӣ, истгоҳи нигоҳдории техникаҳои ҷангиву автомобилӣ, шаҳрчаҳои муҷаҳҳази тактикиву тирандозӣ, толору майдончаҳои ҳозиразамони варзишӣ ва дигар шароити муосир барои гузаронидани машғулиятҳои гуногун ва истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ, бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст.

Бунёди ду иншооти наву муосир идомаи мантиқии сиёсати неку инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фарзандони шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Ифтитоҳи бинои дуошёнаи Ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ дар ноҳияи Рашт 21.09.2021

Сентябрь 21, 2021 21:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид