Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот намуданд

Сентябрь 21, 2021 11:41

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои кишвар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ суханронӣ карда, дастгирии сокинони ноҳияи Тоҷикободро аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар ин давра барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Тоҷикобод ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони он беш аз 780 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, имрӯзҳо татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба ҳол 14 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Ҳамзамон бо ин, ҷиҳати идомаи раванди корҳои ободониву созандагӣ ва рушди ноҳия, хусусан, барои беҳтар намудани шароити инфрасохтор ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии 165 лоиҳа ба маблағи умумии 102 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкорону сокинони ноҳияро дар рушду пешрафти ин гӯшаи диёр неку назаррас арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки давоми 30 сол дар ҳудуди ноҳия 277 иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла 115 иншоот аз ҷониби соҳибкорони ноҳия бунёд ва навсозӣ шудааст.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаҳои пешбарандаи иқтисоди ноҳия, аз ҷумла бахши кишоварзиро таҳлил намуда, ба роҳбарони ноҳия ва масъулини соҳаҳо супориш доданд, ки ҷиҳати истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва риояи агротехникаи парвариши зироат ва истифодаи васеи тухмиҳои хушсифат тадбирҳои судманд андешанд.

Масъулини ноҳия вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, нигоҳдориву коркард, банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияи Тоҷикобод якчанд лоиҳаи хурду миёна доир ба таъминот бо неруи барқ ба маблағи умумии 24 миллион сомонӣ амалӣ гардида, Неругоҳи барқи обии “Фатҳобод” бо иқтидори 282 киловатт бунёд карда шудааст. Дар ҳудуди  ноҳияи Тоҷикобод марҳалаи сеюми лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи Душанбе – Қарамиқ» ва қисми лоиҳаи «Беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон» ба маблағи умумии 370 миллион сомонӣ татбиқ карда шудааст.

Бояд гуфт, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар ҷараёни як сафари корӣ аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки идомаи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз гардид.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми маблағгузорӣ ба соҳаи маорифи ноҳия 10 баробар зиёд шуда, ба зиёда аз 20 миллион сомонӣ дар соли 2021 расидааст.

Дар 15 соли охир маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети  давлатӣ 14 баробар зиёд шудааст.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, барояшон соадати зиндагиро орзу намуданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, кормандони касбу кори гуногун бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баромад карданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод 21.09.2021

Сентябрь 21, 2021 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд