Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маркази саломатиро дар ноҳияи Тоҷикобод ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод маркази саломатиро, ки бо тарҳи зебо ва замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Иншоот аз ҳисоби фонди хайриявии «Тоҷикистон» дар масоҳати 2,5 гектар бунёд гардидааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи ноябри соли 2018 оғоз гардида, ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ, инчунин мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд.
Бо бунёд шудани чунин маркази муосири тиббӣ 14 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, мутахассисони соҳибкасби маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Маркази саломатии мазкур бо тарҳу усули муосир бунёд гардида, аз ду ошёна иборат мебошад. Иншоот дорои 14 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраи бақайдгирӣ, ҳуҷраи духтури занона, тибби оилавӣ, ҳуҷраи хатна ва гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ таъмин мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави саломатиро дар рӯзҳои ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзу нигаҳдошти солимии аҳолӣ муҳим шуморида, кормандонро ба иҷрои сифатноки хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд






