Президенти Эрон доир ба воридшавии ин кишвар ба СҲШ изҳори назар намуд

Сентябрь 21, 2021 12:05

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ дар бораи воридшавии ҷумҳурӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳори назар кард, хабар медиҳад CGTN.  18 сентябр ӯ ба Душанбе рафт, ки дар онҷо нишаст баргузор мешуд, хабар додааст портали Lenta.ru.

Раисӣ узвияти комили Эрон дар СҲШ-ро «муваффақияти дипломатӣ» номид. Вай зикр кард, ки ҳузури ҷумҳурӣ дар созмон миёни кишварҳо робитаҳои қавии иқтисодӣ ба вуҷуд меорад ва ин маънои шомил шудани Эрон ба зерсохтори иқтисодии Осиёро дорад.

Иброҳим Раисӣ аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои соҳавӣ  даъват ба амал овард, ки барои ҳарчи зудтар ба кор ҷалб шудан тамоми шароити заруриро фароҳам оранд. Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари ӯ ба пойтахти Тоҷикистон кишварҳо тавонистанд «дар бораи боби нав дар муносиботи иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ» ба тавофуқ расанд.

                                                                         АКС: Лента.ру

Сентябрь 21, 2021 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид