Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Тоҷикобод ба истифода доданд

Сентябрь 21, 2021 10:35

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  21 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншоот дар масоҳати 300 метри мураббаъ бо тарҳи ҷадид ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шуда, аз ду ошёна иборат мебошад.

Бинои нав ба хотири сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, саҳми аъзои ҳизб ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод аз утоқҳои кории барҳаво, маҷлисгоҳ бо 30 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, бо лавозимоти зарурӣ, аз қабили мизу курсӣ, компютер, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва ғайра таъмин мебошад.

Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандон ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатиро талаб намуда, барои саҳми арзанда гузоштан дар бунёди чунин иншооти замонавӣ ва обод намудани як гӯшаи диёр ба саҳмдорон изҳори сипос карданд.

Намои берунаи бинои маъмурии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо тарҳи хос оро ёфта, дар атрофи он гулу дарахтони орошӣ шинонида шудаанд, ки зебоии маркази ноҳияро афзун менамояд.

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод 21.09.2021

Сентябрь 21, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд