Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ба бунёди Майдони Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон ҳамчунин ба корҳои бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия оғоз бахшиданд.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории иншооти муҳими ноҳияро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зима дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди Майдони Парчамӣ давлатӣ сохтмончиёнро ба риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҳидоят намуда, барои зебою чароғон гардонидани ҳудуди иншоот ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Лоиҳаи бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, дар радифи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад.
Зикр шуд, ки Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда ва фаввораҳо зебу зиннат дода мешавад, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни тоза зам хоҳад кард.
Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр бунёд мегардад. Паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил менамояд.
Чунин раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Шуғнон аз дастгирию пуштибонии пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Ин дар навбати худ сокинони ноҳияро барои анҷом додани амалҳои бузурги созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят хоҳад кард.









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






