Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо дар Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 28, 2021 14:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шуғнон нахуст дар маркази ноҳия-Шаҳраки Ваҳдат майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Майдончаи варзишӣ барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, ба истиқболи ҷашни фархундаи сисолагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ҳамчун туҳфаи идона ба ҷавонону наврасони ин ноҳияи дурдаст тақдим гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи мазкур тибқи дархости сокинони маркази ноҳия бо беҳтарин шароиту имкониятҳои тамрин ва бозии футбол бунёд гардидааст. Барои машқ ё бозии шабона ҳам дар майдонча шароит муҳайё мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муосири варзишӣ баҳои баланд дода, бо чанде аз варзишгарони ноҳия, ки ба истиқболи Роҳбари ҷавонпарвари худ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки варзиш дар ҷаҳони муосир яке аз василаҳои муҳимтарини муаррифии миллату давлат ба ҳисоб меравад, Президенти мамлакат аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимии худ интихоб намоянд.

Ҷавонони ноҳияи Шуғнон бо арзи сипосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба таҳсилу омӯзиш, фаъолияти меҳнатӣ ва умуман ҳаёти рӯзмарраи онҳо, қавл доданд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва номбардори Ватану миллат хоҳанд шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд адад тӯби футбол тақдим карда, ба фаъолияти ин майдончаи варзишӣ оғоз бахшиданд.

Бояд зикр намуд, ки чун дигар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, дастоварду комёбиҳои соҳаи варзиши ноҳияи Шуғнон низ ба замони соҳибистиқлолӣ рост меояд. Тибқи маълумоти масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, айни ҳол дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон як мактаби махсус ва 48 майдончаи хурди варзишӣ фаъолият мекунад.

Чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бештар аз 50 фоизи аҳолии ин ноҳияро ҷавонону наврасон ташкил медиҳанд ва табиист, ки таваҷҷуҳ ба соҳаи варзиш дар ноҳия хеле зиёд аст. Ифтитоҳи чунин як майдончаи замонавии варзишӣ, ки дар ин минтақаи дурдаст назир надорад, шавқу ҳаваси наслҳои ҷавони ноҳияро ба тарзи ҳаёти солим боз ҳам бештар хоҳад кард.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Шуғнон 28.09.2021

Сентябрь 28, 2021 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд