Путин тирпаронӣ дар Пермро фалокат барои тамоми Русия номид

Сентябрь 21, 2021 12:11

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Русия Владимир Путин ба хонаводаҳои қурбониёни тирпаронӣ ҳамдардӣ изҳор намуд. Тимур Бекмансурови 18 -сола дар донишгоҳ оташ кушод, ки дар натиҷа шаш нафар кушта ва беш аз 20 нафар захмӣ шуданд. Ӯ худаш низ захмӣ шудааст, хабар медиҳад РБК.

Президент изҳор дошт, ки тирпаронӣ дар Перм фалокати бузург барои тамоми кишвар аст. Ӯ инро дар вохӯрӣ бо роҳбари Комиссияи марказии интихобот Элла Памфилова пас аз натиҷаҳои интихобот гуфт. Пахши телевизионӣ аз ҷониби РБК сурат гирифт.

Сарвари давлат дар оғози мулоқот ба оилаҳои қурбониён изҳори ҳамдардӣ намуд.

«Ман ба хубӣ дарк мекунам, ки ягон сухани ҳамдардӣ талхии талафот ва дарди онро аз байн бурда наметавонад, хусусан вақте ки сухан дар бораи ҷавононе меравад, ки зиндагии худро нав оғоз мекунанд. Ин фалокати азим аст, на танҳо барои оилаҳое, ки фарзандони худро аз даст додаанд, балки барои тамоми кишвар», — гуфт Владимир Путин.

Вай бовар кунонд, ки ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ  барои таҳқиқи парванда ҳама кори заруриро анҷом хоҳанд дод. Президент инчунин ваъда дод, ки мақомот ба қурбониён ва наздикони онҳо кумак мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 20 сентябр Тимур Бекмансурови 18-сола дар Донишгоҳи давлатии миллии тадқиқотии Перм оташ кушод. Ба маълумоти Кумитаи тафтишот, дар ин ҳамла шаш нафар кушта ва 28 нафар захмӣ шуданд. Худи тирандоз низ захмӣ шудааст.

Сентябрь 21, 2021 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид