Рустам Ҳайдаров: Агар дар Афғонистон поксозии қавмӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои гурӯҳҳои ғайрипаштун идома ёбад, ин кишвар аз байн меравад

Сентябрь 8, 2021 17:47

ДУШАНБЕ, 08.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Бовар дорам, агар дар ин кишвар поксозии қавмӣ ва нодида гирифтани манфиатҳои дигар гурӯҳҳои ғайрипаштун идома ёбад, дар ниҳоят Афғонистон аз байн меравад. Мусаллам аст, ки омадани толибони террорист ба сари қудрат дар Афғонистон ба туфайли тавтиаи бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин хиёнати давлатии собиқ президент — паштун Ашраф Ғанӣ, хиёнати афсарони паштуни Артиши миллии Афғонистон, инчунин фитнаандозии иктишофии низомии давлати хориҷӣ, ки созмони террористии «Толибон»*-ро назорат ва дастгирӣ мекунад, имконпазир шуд». Ин нуктаро доктори илми фалсафа, муовини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам ҲАЙДАРОВ  зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт.

Коршиноси АМИТ «Ховар» муътакид бар он аст, ки агар қудрат дар Афғонистон аз ҷониби як нерӯи сиёсӣ монополия карда шавад,  ин пайомади хубе нахоҳад дошт. Ин кишварро зарур аст, ки муколамаи байни миллатҳоро ба роҳ монад. Афғонистон кишвари сермиллат  мебошад, бинобар ин манфиатҳои ҳамаи миллату халқиятҳоро ба назар гирифтан лозим аст. Гурӯҳҳои низомӣ-сиёсӣ бояд ба ҳизбҳои сиёсӣ табдил дода шаванд, то як низоми сиёсии устувор ва муътадил таъсис ёбад .

Ёдовар мешавем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир ба ҳалли масъалаи Афғонистон изҳори андеша намуда, бори дигар таъкид карданд, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд. «Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад. Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем», — тазаккур доданд Президенти Тоҷикистон.

Андешаҳои пурраи коршиноси АМИТ «Ховар» Рустам Ҳайдаровро дар бахши русии сомонаи Агентӣ мутолиа намоед: https://khovar.tj/rus/2021/09/tadzhikskij-politolog-rustam-hajdarov-schitaet-chto-esli-v-afganistane-prodolzhatsya-etnicheskie-chistki-i-ignorirovanie-interesov-drugih-nepushtunskih-grupp-on-raspadyotsya/

Акс аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 8, 2021 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ