Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Тоҷикобод боздид намуданд

Сентябрь 21, 2021 11:35

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои меҳнатии сокинони ноҳияи Тоҷикобод шинос шуданд.

Ба хотири ташрифи Сарвари давлат дар мавзеи навъсанҷӣ сокинони ноҳия намоишгоҳи васеъ ташкил намуда, дар он дастранҷи хеш, аз қабили маҳсулоти нонӣ, ҳосили зироати кишоварзӣ, гулу гиёҳҳои табиии шифобахш ва ғайраро, ки бо меҳнати ҳалол ва заҳмати зиёд ба даст овардаанд, ба маъраз гузоштанд.

Дар гӯшаи алоҳида занону бонувони ҳунарманд номгӯи гуногуни нон ва хӯрокҳои миллии аз лиҳози тамъу мазза беназирро, ки хоси мардуми ин минтақаи мамлакат буда, шуҳрати зиёд касб намудааст, намоиш доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари нонпазию омода намудани хӯрокҳои миллӣ аз ҷониби занону бонувони ноҳияи Тоҷикобод баҳои баланд дода, онҳоро ба тарғиб ва ҳифзи ин мероси қадима, инчунин боз ҳам рушд бахшидани он бо роҳи ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои чунин маҳорати баланд ҳидоят намуданд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони ноҳия фаъолона иштирок ва маҳсули меҳнати хешро ба таври густурда муаррифӣ карданд.

Масоҳати гӯшаи кишоварзон 100 метрро ташкил дода, аз растаҳои тухмии зироати кишоварзӣ, маҳсулоти аз онҳо тайёршаванда, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагиҳо, сабзавот, картошка, лубиёгиҳо, донагиҳо, ҳосили зироати техникӣ, консерваи меваю сабзавот, маҳсулоти ширӣ, асали табиӣ ва ғайра иборат мебошад. Маҷмуан дар ин гӯшаи намоишгоҳ беш аз 50 намуд маҳсулот муаррифӣ гардид.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар масоҳати 3200 гектар, аз ҷумла 1863 гектар заминҳои обӣ ва 1337 гектар заминҳои лалмӣ зироати кишоварзӣ кишт намудаанд ва аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда истодаанд.

Картошка аз зироати кишоварзии ба иқлими ноҳияи Тоҷикобод мутобиқ маҳсуб мешавад ва бо назардошти ин кишоварзон соли равон кишти беш аз 10 навъи ин намуди зироати муҳим барои мардумро дар майдони 1922 гектар гузаронидаанд. Ҳоло ҷамъоварии картошка дар ноҳия оғоз шуда, ҳосилнокии он аз ҳар гектар ба 250 сентнер баробар гардидааст.

Дар ҳудуди ноҳия 24 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва 1451 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст.

Боғдорӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар доираи барномаҳои давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ пешрафт намуд. Бо истифода аз имконоти мавҷуда сокинон тавонистанд масоҳати боғҳоро ба 1702 гектар расонанд. Аз масоҳати умумии боғҳои мавҷуда 674 гектараш мевадиҳанда мебошад. Майдони боғҳои интенсивӣ бошад, дар ноҳия ба 5,2 гектар баробар гардидааст. Дар намоишгоҳ қариб ҳамаи намуди мева, ки парвариш ва истеҳсоли он дар ноҳияи Тоҷикобод имконпазир аст, ба намоиш гузошта шуд.

Дар ин ҷо занбӯрпарварони ноҳия асали табиии аз лиҳози экологӣ тоза ва дорои тамъи лазизро бо шакл ва ҳаҷми гуногун, ки давоми сол истеҳсол намудаанд, ба маъраз гузоштанд. Дар ноҳияи Тоҷикобод мавзеъҳои зиёди дорои гулу гиёҳҳои шифобахш ва барои парвариши занбӯр мусоид мавҷуд мебошад. Ҳоло дар ноҳия 5932 оилаи занбӯр парвариш карда мешавад ва соли равон ҳаҷми истеҳсоли асал дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 33 тоннаро ташкил додааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мусоид будани иқлими ноҳия зиёд намудани оилаи занбӯри асалро муҳим шуморида, кишоварзонро ба истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ҳидоят намуданд.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангал 30 намуд гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши ҷангал ва кӯҳистони ноҳия муаррифӣ карда шуд.

Чорводорӣ низ тайи солҳои охир дар ноҳияи Тоҷикобод рушд намуд ва сокинон сол то сол ҳаҷми истеҳсоли шир ва маҳсулоти шириро зиёд намудаанд. Имсол дар ноҳия 10218 тонна шир истеҳсол карда шуда, аҳолӣ аз ин ҳисоб намудҳои гуногуни маҳсулотро тайёр менамояд. Далели ин ба маъраз гузоштани номгӯи зиёди маҳсулоти ширӣ дар намоишгоҳ аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дасти кишоварзон баҳои баланд дода, онҳоро ба боз ҳам бештар рушд бахшидани соҳа бо роҳи зиёд намудани майдони кишт ва ҷорӣ кардани усулҳои нави кишту парвариши зироат ҳидоят намуданд.

Боздид аз намоишгоҳи дастовардҳои сокинони ноҳияи Тоҷикобод 21.09.2021

Сентябрь 21, 2021 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан сохтмони зиёда аз 20 иншооти соҳаи маориф идома дорад
35-СОЛАГИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ховалинг таъмиру навсозии беш аз 200 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстон бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар ҳудуди шаҳри Гулистон сохтмони меҳмонхона ва осоишгоҳу марказҳои солимгардонӣ идома доранд
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Дар ВМКБ беш аз 1000 иншоот ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор гирифт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд