Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои ҷамоати шаҳраки Навободи ноҳияи Раштро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навободро ифтитоҳ намуданд.
Бинои мазкур дар масоҳати умумии 620 метри мураббаъ бунёд гардида, аз 2 ошёна иборат мебошад. Сохтмони он моҳи июни соли 2019 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2021 ба анҷом расид.
Ёдовар бояд шуд, ки санги асоси бинои мазкурро соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд.
Дар ошёнаи якуми бинои маъмурӣ ошхона, толори маҷлисгоҳ барои 300 ҷойи нишаст, ду ҳуҷраи корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ ҳуҷраи корӣ ҷойгир мебошанд.
Бунёди бино нави маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод дар асоси таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосири фаъолият ба кормандони мақомоти маҳаллӣ ва дар ҳамин замина баҳравар гардидани сокинони он аз шароити мусоиди хизматрасонӣ бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукмати мамлакат ба анҷом расидааст.
Дар ин ҷо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои пурраи вазифаҳои хизматӣ ва мутобиқ ба талаботи замон ба мардум хизмат расонидан дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ёдовар мешавем, ки аҳолии шаҳраки Навобод 6000 нафарро ташкил медиҳад.









Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд
Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст






