Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро дар ноҳияи Шуғнон ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд.
Иншооти варзишӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бо харҷи наздики 100 ҳазор доллари америкоӣ сохта шудааст.
Маркази захиравӣ ва майдончаи варзишӣ аз анборхона иборат буда, дар он барои аз 50 то 100 нафар муосиртарин таҷҳизоти наҷотдиҳӣ, амволи рӯзгор барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулодда ҷой дода мешавад.
Пудратчии иншооти варзишӣ ва маркази захиравӣ дар ноҳияи Шуғнон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хок” буда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар ҷавонони ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.
Майдончаи варзишӣ дар баробари ба варзиш ҷалб намудани насли ҷавони ноҳия ҳамчун паноҳгоҳ дар вақти ҳолатҳои фавқулодда барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмат хоҳад намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки майдончаи муосири варзишӣ бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд дар доираи таъмини баробарӣ ва шароити дастрасу фарогир бунёд гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити машқу тамрин дар майдончаи варзишӣ бо насли ҷавон суҳбат намуда, ифтитоҳи иншоотро, ки дар рӯзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони хуштолеъи ноҳияи Шуғнон муборакбод гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти нигоҳ доштани ҳолати техникии ин ду муассиса ва омодабошии онҳо дар ҳама гуна вазъият, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дастуру супоришҳо доданд.
Ҷавонони саодатманди ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои муосир барои равнақи соҳаи варзиш дар ноҳия изҳори миннатдорӣ намуданд, зеро дар баробари рушди иқтисоду иҷтимоиёти ноҳия соҳаи варзиш низ дар ноҳияи Шуғнон дар зарфи 30-соли даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намудааст.









«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи варзишии «Суғд-арена»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд






