«Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои ИДМ: вазъ ва стратегияи рушд». Таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба эълон гардидани «Душанбе — пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва Истиқлолияти давлатии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 30 сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: вазъ ва стратегияи рушд» Конференсияи байналмилалии китобдорон баргузор гардид. Дар конференсия директорон ва масъулони китобхонаҳои миллии Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Федератсияи Русия ва дигар созмонҳои марбут ба фаъолияти китобдории узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ иштирок намуданд.
Зимни конференсия директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода изҳор дошт, ки ҳамкорӣ бо китобхонаҳои миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз самтҳои муҳими фаъолияти байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. То инҷониб ба хотири рушди ҳамкорӣ дар ҷодаи китобу китобдорӣ ёддоштҳои тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки дар доираи он якчанд корҳои муҳими соҳавӣ анҷом дода шуданд.
Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода аз сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи китобу китобдорӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки дар даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои муосири китобхона ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки аз таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа дарак медиҳанд. Ҷиҳати шинохти ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии аҳолӣ бо дастгирии махсуси Сарвари давлат чопи силсилаи «Тоҷнома» — тоҷикон дар масири тамаддун» ба роҳ монда шудааст.
Муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ меҳмононеро, ки барои иштирок дар Конференсияи байналмилалии китобдорон ба пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки «мояи ифтихор аст, ки ин конференсияи байналмилалӣ дар соли таърихӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор карда мешавад. Шаҳри Душанбе бо аксар шаҳрҳои кишварҳои ИДМ бародаршаҳр буда, дар доираи он ҳамасола даҳҳо барномаҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд».
Ҳадафи асосии ҳамоиши мазкур- натиҷагирӣ аз ҳамкории китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ арзёбӣ гардид. Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубодилаи китоб, баланд бардоштани сатҳу сифати равандҳои рақамисозии фондҳои китобии китобхонаҳо, таҳияи лоиҳаи ҳамкорӣ байни кишварҳо дар масъалаи таъсиси Китобхонаи электронии миллии кишварҳои узви ИДМ ҳамчун омӯзиши таҷрибаи пешқадами китобхонаҳо, ҷалб намудани мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ дар баргузории курсҳои такмили ихтисос мавриди баррасии роҳбарони китобхонаҳои миллии кишварҳо қарор дода шуданд.
Дар доираи конфренсияи «Се даҳсолаи шарикии китобхонаҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: вазъ ва стратегияи рушд» аз ҷониби директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода ва роҳбарони китобхонаҳои мазкур «Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишери Навоӣ» ва «Ёддошти тафоҳум миёни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи умумирусиягии адабиёти хориҷии ба номи М.И. Рудомино» ба имзо расонида шуданд.
Зимни суҳбат бо мо муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки ҳамкорӣ миёни китобхонаҳои миллии кишварҳои узви ИДМ муҳиму зарурӣ буда, дар доираи он ҳалли масъалаҳои соҳавӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот миёни китобхонаҳо ба роҳ монда шудааст, ки мақсад аз он қонеъ намудани талаботи хонандагон бо маводи мавриди ниёзи хониш ва дастрасӣ ба захираҳои китобии китобхонаҳои узви ИДМ мебошад. Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар доираи ин ҳамоиш масъулон ба таҳияи лоиҳаи мушаххас дар бораи таъсис додани китобхонаи электронии миллии кишварҳои ИДМ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Тадбири мазкур дастрасии шаҳрвандони кишварҳои узвро ба китобҳои муҳиму зарурии кишварҳо тавассути сомонаи электронӣ дар бар мегирад. «Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ин самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла таъсиси Китобхонаи электронии миллии Тоҷикистон иқдоме мебошад, ки то кунун дар фонди он бештар аз 325 ҳазор адабиёт бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода шудаанд»,- гуфт Г. Маҳмудов.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳамкории Китобхонаи миллии Тоҷикистон на танҳо бо китобхонаҳои кишварҳои узви ИДМ, балки бо китобхонаи бисёр кишварҳои ҷаҳон низ хуб ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи он табодули китоб, таҷрибаомӯзӣ, нашри китоб, таҳия намудани стандартҳои соҳаи китобдорӣ ва таъсиси гӯшаи китобхонаҳои миллии кишварҳо дар китобхонаҳои якдигар роҳандозӣ шудааст.
Дар ҳошияи ин конференсияи байналмилалӣ меҳмонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии кишвар, назири Қалъаи Ҳисор, Осорхонаи миллӣ, «Кохи Наврӯз» ва боғҳои фарҳангу фароғатӣ дидан намуданд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»