Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк оид ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дод
ДУШАНБЕ, 25.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 сентябр дар Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Саммити СММ оид ба низомҳои озуқаворӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳамоиши сатҳи баланд барои ҷалби таваҷҷуҳи бештари роҳбарони давлату ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷуғрофии минтақавӣ ба иҷрои уҳдадориҳои худ дар самти татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор, аз ҷумла дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ имконият фароҳам овард.
Зимни суханронӣ С. Муҳриддин аҳамияти рушди соҳаи кишоварзиро тавассути истифодаи фанновариҳои нав ҷиҳати коҳиши таъсири манфии омилҳои мухталиф ба муҳити зист ва роҳандозии иқтисоди сабз таъкид карда, ба иштирокдорони саммит роҷеъ ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, хусусан дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ маълумот дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






