Суруди Созмони ҳамкории Шанхай бори аввал дар Душанбе садо медиҳад

Сентябрь 17, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 17 сентябр, дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) Суруди СҲШ бори аввал дар зери аркҳои шоҳкории нотакрори меъмории Осиё – «Кохи Наврӯз», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мувофиқа карда шуд, садо медиҳад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

«Муаллифи Суруди СҲШ Ҳунарпешаи  халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон Амирбек Мусозода мебошад. Аввалин иҷрокунандаи Суруди СҲШ Оркестри давлатии симфонии кинематографияи Русия мебошад. Дирижёр Ҳунарпешаи халқии Русия Сергей Скрипка аст «, — гуфта шудааст дар маълумоти  сомонаи Котиботи СҲШ.

Аз ҷумла, дар мавод гуфта мешавад, «хеле рамзист, ки Суруди СҲШ дар соле навишта шудааст, ки Созмон бистумин солгарди таъсиси онро ҷашн мегирад ва нишасти СҲШ дар Душанбе марҳалаи нави таърихро барои пешрафти муттасили он мекушояд».

Рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай

Нишони СҲШ ва Парчами СҲШ дар тамоми ҷаҳон шинохта шудаанд. Суруди СҲШ боз як рамзи муҳим ва ҷудонопазири Созмон хоҳад шуд, ки принсипҳо ва фаъолияташ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳтироми зиёд пайдо кардаанд.

Суруди СҲШ дар ҳама чорабиниҳои расмии Созмон, машқҳои зиддитеррористӣ ва дигар машқҳои кишварҳои узви СҲШ, маросими ифтитоҳи фестивалҳои фарҳангӣ ва чорабиниҳои варзишӣ, ки таҳти сарпарастии СҲШ баргузор мешаванд, иҷро карда мешавад.

Суруди СҲШ инчунин дар муттаҳидсозии «оилаи СҲШ» нақши муҳими сафарбаркунанда мебозад ва ба кишварҳои узви Созмон дар расидан ба ҳадафҳои сулҳ, субот ва шукуфоӣ — аз уқёнуси Ором то Баҳри Балтика ва аз Ҳинд то Уқёнуси Арктика мусоидат хоҳад кард.

СҲШ ба мисли дигар созмонҳои байналмилалӣ рамзҳои расмии худро дорад. Онҳо аз ҷониби сарони кишварҳои узви СҲШ 29 майи соли 2003 дар шаҳри Москва тасдиқ шуда буданд. Аз он вақт инҷониб Нишони СҲШ ва Парчами СҲШ на танҳо ҳама чорабиниҳои расмиро, ки дар чаҳорчӯби Созмон ё бо иштироки он баргузор мешаванд, балки форумҳои бузурги байналмилалиро, ки созмонҳои шарики СММ ва СҲШ баргузор мекунанд, зиннат додаанд.

Парчами СҲШ дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои узви СҲШ бо ифтихор дар Пекин дар назди биноҳои Котиботи СҲШ ва дар Тошканд дар назди Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ алвонҷ мезанад ва Нишони СҲШ низ зимни ҳамаи рӯйдодҳои муҳим дар кишварҳои оилаи СҲШ дурахшон аст.

Парчами СҲШ

Ёдовар мешавем, ки нишони СҲШ дар доираи заминаи сабзи саманд шакли давра дорад. Дар маркази нишон — тасвири анъанавии нимкураи шимолии замин, дар дохили он — контурҳои қаламрави кишварҳои узви СҲШ ҷойгиранд. Дар тарафи чап ва рости тасвири анъанавии нимкураи шимолӣ ду шохаи зайтун бо ранги сабзранг тасвир шудаанд, ки рамзи сулҳ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ мебошанд. Нақшаи рангҳои нишон хусусияти минтақавии Созмон ва ҳадафҳои асосии он: сулҳ, дӯстӣ, ҳамкорӣ, амният ва рушдро инъикос мекунад.

Нишони СҲШ

Парчами СҲШ матои сафеду росткунҷаест, ки дар марказаш нишони СҲШ ҷойгир аст. Худи нақшаи рангҳо, ки дар он Нишони СҲШ ва Парчами СҲШ сохта шудааст, аз тозагии мақсаду мароми  созмон дарак медиҳад. Тавре ки шумо медонед, сафед рамзи тозагии булӯр аст. СҲШ ба тамоми ҷаҳон ҳамчун намуди нави созмоне маълум аст, ки дар он ҳама қарорҳо дар асоси дастҷамъона ба манфиати ҳамаи давлатҳои аъзои иттиҳод, инчунин ба манфиати ояндаи шукуфони минтақаи васеи Авруосиё қабул карда мешаванд.

АКСҲО аз АМИТ «Ховар»/ Котиботи СҲШ

 

Сентябрь 17, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Партитураи Суруди Созмони ҳамкории Шанхай ба Котиботи СҲШ дар Пекин тақдим гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон