Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Президенти иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқот намуд

Сентябрь 28, 2021 12:34

ДУШАНБЕ, 28.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар чорчӯби сафари кории худ ба Ню-Йорк ҷиҳати иштирок дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти тозаинтихоби он Абдулло Шоҳид мулоқот анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва СММ-ро дар чаҳорчӯби Маҷмаи Умумии он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла бахшҳои амният, иқтисод, иҷтимоӣ, гуманитарию беҳдоштӣ ва обу иқлим мавриди баррасӣ қарор дода, ба зарурати таҳкими ҳамкории бисёрҷониба таъкид карданд.

Тарафҳо инчунин таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, мубориза бо терроризму ифротгароӣ, аҳамияти вокуниши муассир ба пайомадҳои иқтисодию иҷтимоии ҳамагирии COVID-19, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба муҳити зистро баррасӣ намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Сентябрь 28, 2021 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд