Вазири молияи Тоҷикистон бо ҳайати Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Русия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳайати Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия таҳти роҳбарии директори Маркази тадқиқотии макроиқтисодии Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия Самвел Лазарян вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати молия.
Вохӯрии мазкур дар доираи Барномаи ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия, ки ҳайати он ба Душанбе ташриф овардааст, баргузор шуд.
Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Федератсияи Русия ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 10 апрели соли 2019 дар аснои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия ба имзо расонида шудааст, ба рушди ҳамкорӣ такони нав бахшид.
Дар ҳошияи сафари гурӯҳи коршиносони Донишкадаи илмию тадқиқотии молияи Вазорати молияи Федератсияи Русия чорабиниҳо дар мавзӯъҳои идоракунии самараноки молияи давлатӣ, бахусус дар самтҳои беҳтарнамоии банақашагирии буҷетӣ дар қисмати даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ, идоракунии қарзи давлатӣ ва рушди бозори қоғазҳои қиматнок, таъмини шаффофияти буҷет, дурнамосозии макроиқтисодӣ ва ғайра баргузор мегарданд.
Дар интиҳои вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Федератсияи Русия иброз намуданд.
АКС: Вазорати молия








Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо корҳои созандагию ободонӣ шинос гардид
Байни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд хатсайри нави нақлиётии байналмилалӣ фаъол карда шуд
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амалӣ мешавад
Моҳи май дар шаҳри Бохтар Форуми сайёҳии «Хатлон – 2026» баргузор мешавад
Ҷаласаи гурӯҳи кории Шурои роҳбарони Палатаи савдо ва саноати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Лондон бо намояндагони ниҳодҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ вохӯрӣ намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Ҳисор, Турсунзода ва Шаҳринав шинос шуд
Ҷаласаи нахустини Комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд
Ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид доир шуд






