20 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР. Тоҷикистон тавонист нишондиҳандаҳои омори миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ созад

Октябрь 20, 2021 11:49

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 20 октябр дар саросари олам Рӯзи ҷаҳонии омор таҷлил мегардад. Аввалин маротиба соли 2010 дар сессияи 41-уми Комиссияи омории СММ  қароре пешниҳод шуд, ки бояд Рӯзи ҷаҳонии омор (World Statistics Day)  қабул карда шавад. Инчунин дар баъзе давлатҳо ин рӯзро чун иди касбии кормандони омор ҷашн мегиранд. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақоми ваколатдори мамлакат  дар самти татбиқи сиёсати давлатии соҳаи омор фаъолият мекунад.

 Мавриди ёдоварист, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 Агентии омор ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» маъракаи муҳими  сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд гузаронид. Дар ин робита,  хабарнигори АМИТ «Ховар» бо директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода ҳамсуҳбат гардид.

Гулнора Ҳасанзода мегӯяд, ки маҳз таваҷҷуҳу дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Тоҷикистон тавонист дар қатори дигар кишварҳо нишондиҳандаҳои омори миллиро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохта, онро дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ созад. Агентии омор ҷамъоварӣ ва паҳн намудани маълумотро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» аз 12 январи соли 2010, ки мустақилияти Агентии оморро муқаррар менамояд ва махфӣ нигоҳ доштани маълумотро, ки ба воҳидҳои ҷудогонаи оморӣ пешниҳод мешаванд, кафолат медиҳад.

Дар давраи сипаришуда «Дастур ба мақомоти маҳаллии омор дар бораи тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот, барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва «Дастурамал дар бораи тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо (квартираҳо) дар биноҳои бисёрҳуҷрадор) дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот» омода карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуд. Тибқи тасмими Агентии омор, корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо истифода аз технологияи муосир (интернет – пурсиш ва истифода аз планшет) гузаронида шуданд.

Корҳои тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо (квартираҳо) дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот дар ду марҳила бо истифода аз планшет гузаронида шуда, дар асоси он нақшаи ташкилии гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон (тақсимоти ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ба шуъбаҳои барӯйхатгирӣ, қитъаҳои дастурдиҳӣ ва қитъаҳои барӯйхатгирӣ) таҳия ва тасдиқ карда шуд.  Барои гузаронидани корҳои тартиб додани рӯйхати биноҳо (хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо назардошти ҳуҷраҳо (квартираҳо) дар биноҳои бисёрҳуҷрадор) дар маҷмӯъ беш аз 2600  нафар кормандони муваққатӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Дар заминаи маълумоти бақайдгирӣ миқдори зарурии кормандони марҳилаи асосии барӯйхатгирӣ (сардори шуъбаи барӯйхатгирӣ, ёрдамчии сардори шуъба, дастурдиҳанда-назоратчӣ, ҳисобчӣ) аниқ карда шуда, ноҳиябандӣ дар асоси нақшаи схематикӣ ва маводи картографӣ сурат гирифт.

Моҳи сентябри соли 2020 корҳои дастурдиҳии мудирони шуъбаҳои барӯйхатгирӣ, дастурдиҳанда-назоратчиён ва ҳисобчиён, ки муваққатан барои гузаронидани ин маърака ҷалб карда шуда буданд, гузаронида шуда, ба онҳо шаҳодатномаи тасдиқкунандаи корманди муваққатӣ дода шуд. Ҳамин тавр, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз технологияи муосир (интернет – пурсиш ва истифода аз планшет) ва усули анъанавӣ (коғазӣ) дар қаламрави ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Пурсиш бо истифода аз планшет дар 28 маҳаллаи шаҳрӣ (шаҳр ва шаҳракҳо)  ва 2 маҳали деҳоти ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Дар маҷмӯъ барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, 27410 нафар кормандони муваққатӣ, аз ҷумла 1190 нафар мудирони шуъбаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва ёрдамчиёни онҳо, 4374 нафар дастурдиҳанда-назоратчиён ва 21846 нафар ҳисобчиён ба кор ҷалб карда шуданд.

Бо мақсади бештар фаро гирифтани аҳолии кишвар бо Интернет-пурсиш тавассути сомонаи www.aholi.tj  ва сарфаи маблағҳои буҷетӣ дар асоси супориши протоколии ҷаласаи Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ аз 11 сентябри соли 2020, якҷо бо Агентии хизмати давлатӣ кормандони вазорату идораҳо, корхонаҳои азиму миёнаи кишвар аз барӯйхатгирӣ гузаштанд.

Натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 аз рӯи 5 нишондиҳанда – шумораи умумии аҳолӣ, ҷинсият (мардҳо ва занҳо), шумораи истиқоматкунандагон дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот ҷамъбаст карда шуда, 12 октябри соли равон ба истифодабарандагон пешниҳод гардид. Натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ бо дарназардошти коркарди сканерии маводи он шурӯъ аз семоҳаи якуми соли 2022 ва солҳои 2023-2024 ба даст оварда мешаванд.

Намояндагии Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, Комиссариати Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезагон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар корҳои давраи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил кумаки  молиявӣ расониданд.

Тибқи натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 октябри соли 2020 9661,6 ҳазор нафарро ташкил дод. Шумораи аҳолии ҷумҳурӣ нисбат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил соли 2010 2097,1 ҳазор нафар ё 27,7 фоиз ва нисбат ба маълумоти шумораи аҳолӣ ба ҳолати 1 январи соли 2020  347,8 ҳазор нафар ё 3,7 фоиз зиёд шудааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Агентии омори назди Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 20, 2021 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд созишномаи грантӣ ба имзо расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд?
Омилҳо ва тамоюлҳои рушди соҳибкорӣ дар конфронси байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуданд
Дар вилояти Хатлон 44 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мешавад
ДАРВОЗАИ ТИЛЛОИИ ТОҶИКИСТОН. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон 250 километр роҳ, як нақб ва 26 пул ба истифода дода шуд
Дар доираи татбиқи Барномаи давлатии рушди соҳаи геология ба Саридораи геология дастгоҳҳои замонавии рақамӣ дастрас гардид
«ИМОД» БАРОИ НЕРУГОҲҲОИ БАРҚИ ОБӢ ТАҶҲИЗОТ ИСТЕҲСОЛ МЕНАМОЯД. Эҳдо ба Рӯзи соҳибкорони Тоҷикистон
3765 ГЕКТАР ЗАМИН БА АҲОЛӢ. Дар Бадахшон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои бунёди хонаи истиқоматӣ нисбат ба соли 1991 беш аз 3 баробар зиёд замин ҷудо гардидааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Бе пешрафти соҳибкории хурду миёна ба рушди рӯзафзуни иқтисодиёт ноил шудан ғайриимкон аст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Бадахшон беш аз 100 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ СТАНДАРТҲО. Дар Тоҷикистон беш аз 21 ҳазор стандарти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мавҷуд аст
Дар доираи Форуми байналмилалии «Хатлон Инвест-2024» Ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад