27 октябр дар Теҳрон нишасти ҳузурии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад

Октябрь 19, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 27 октябр дар Теҳрон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, дар ин бора дирӯз, 18 октябр зимни нишасти матбуотӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода (ДАР АКС) хабар дод.

«Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи оянда дар Теҳрон мо нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор хоҳем кард. Ин вохӯрӣ дар шакли ҳузурӣ доир мешавад»,- гуфт ӯ. Дипломат афзуд, ки «ҷаласа як рӯз идома хоҳад кард».

Ба гуфтаи ӯ, «дар рӯзнома идомаи муколамаест, ки дар марҳилаи аввал дар шакли онлайн сурат гирифта буд». «Шаш кишвар саъйи худро ба он равона мекунанд, ки чӣ гуна барои таъсиси ҳукумати фарогир [дар Афғонистон] бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ кумак кунанд»,-гуфт С. Хатибзода.

8 сентябр оид ба вазъи Афғонистон ҷаласаи онлайние баргузор шуд, ки дар он вазирони корҳои хориҷии Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат карданд. 16 сентябр дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки нишасти навбатии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон баргузор мешавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 19, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид