31 нафар даъватшавандагон дар шаҳри Норак соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд
НОРАК, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи даъватшаванда дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бо иштироки масъулин ва сокинону падару модарони даъватшавандагон маросими тантанавӣ оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он ҷавонони бонанги шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак ба хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд.
Дар ин ҷамъомад раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ба падару модарони наваскарон барои тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки маҳз дуруст ба роҳ мондани тарбияи ватанпарастонаи ҷавонон сабаб гардид, ки ҷавонони шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстӣ ихтиёрӣ ба сафи артиши миллӣ шомил гарданд.
31 нафар ҷавонони даъватшавандае, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда буданд, дар ин рӯз соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш барои болидарӯҳии навдаъватон аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона манзур гардид.
АКС: МИҲД шаҳри Норак








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






