ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Душанбе якчанд иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Октябрь 1, 2021 13:16

ДУШАНБЕ, 1.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе якчанд иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Аз ҷумла, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Мушфиқии ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷойгир буда, таъмири бинои он яке аз бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Масъулини ин сохтори шаҳрӣ корҳои таъмириро дар сатҳи зарурӣ анҷом дода, 30 сентябр намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо шароити кору хизматрасонии бинои мазкур дар шаҳри Душанбе баъди таъмир шинос шуданд.

Бинои мазкур ба хотири беҳтарсозии шароиту имконияти фаъолияти кормандони он таъмир ва навсозӣ шудааст. Бинои ин раёсат аз 14 ҳуҷраи корӣ, роҳрав ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат буда, аз ҷониби ҶДММ «Сафархон» таъмир гардидааст.

Ҳоло кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба 12504 нафар нафақагирони ноҳия хизмат мерасонанд. Дар баробари ҳуҷраҳои корӣ, ҳамзамон роҳраву утоқҳои иловагӣ ва саҳну атрофи бино низ таъмир гардидаанд.

Инчунин дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои истиқоматии бисёрошёна дар кӯчаи Борбад мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Иншооти мазкур ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ  «Байтулло сохтмон» буда, масоҳати умумии он 2400 метри мураббаъ мебошад. Бинои мазкур дорои 140 ҳуҷраи алоҳида мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, бинои истиқоматӣ дар асоси нишондоди қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи додани қитъаи замин ба шаҳрванд Азимов барои сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии марказҳои савдою хизматрасонӣ ва тафаққуфгоҳи нақлиётӣ дар таҳхонаи онҳо дар заминаи иншооти хусусӣ, воқеъ дар кӯчаи Борбад ½» сохта шудааст.

Ифтитоҳи иншооти таъйиноти гуногун барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва зебо намудани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мусоидат менамояд.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Октябрь 1, 2021 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд