ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Суғд якчанд иншооти таълимӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 9.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншооти таълимӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, 7 октябр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода бинои хобгоҳи донишҷӯёни хориҷӣ, Маркази бақайдгирию тестӣ ва майдончаи варзиши теннис барои 200 нафар ба истифода дода шуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Маркази бақайдгирию тестӣ барои зиёда аз 100 ҷои нишаст ва хобгоҳи №1 бо усули замонавӣ сохта шудаанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дар деҳаи Раҳмонободи Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таълимии №37 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 175 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст ва 20 нафар омӯзгори ботаҷриба ба таълимгирандагон дарс мегӯянд. Инчунин муассиса аз 6 синфхонаи таълимӣ, синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат мебошад.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сохтмон» иҷро гардидаанд.
Муассиса бо технологияҳои замонавӣ, 12 адад компютер, 1 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад.
Инчунин дар деҳаи Оби ширини Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19 ба истифода дода шуд.
Муассисаи таълимии мазкур дорои 168 ҷойи нишаст буда, аз 6 синфхонаи таълимӣ ва синфхонаи компютерӣ иборат мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки сохтмони иншооти мазкур дар доираи амалигардонии марҳилаи навбатии Фонди Саудии Рушд аз ҷониби «Маркази татбиқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»» ба нақша гирифта шудааст.
АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми ҶТ










Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд






