Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар вилояти Суғд шинос шуд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии хонум Миря Чанна Шеблом, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, барои аз наздик шинос шудан бо ҷараёни амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом дод, иттилоъ доданд ба АМИТ “Ховар” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Зимни сафар ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо шароити фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияи Зафаробод- яке аз ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳа дар вилояти Суғд шинос шуданд.
Ноҳияи Зафаробод аз соли 2021 ба рӯйхати ноҳияҳои таҷрибавӣ дохил шуда, аз рӯи механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) ба кор шурӯъ кард.
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва масъулони лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” иброз доштанд, ки айни ҳол таъмиру таҷдиди 4 маркази саломатӣ ва таъмини ин марказҳо бо таҷҳизоти тиббиву мебели махсус дар назар аст.
Гурӯҳи корӣ ҳамчунин бо фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов аз наздик шинос шуд. Боздид аз марказҳои саломатии Куруш дар ноҳияи Спитамен бори дигар собит сохт, ки муассисаҳое, ки чанд сол қабл бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ бунёд гардида буданд, то имрӯз мавриди истифода қарор доранд.
Ворид намудани ҳамгироии механизми маблағгузории сарикасӣ дар заминаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) яке аз нақшаҳои асосии Лоиҳа ва Бонки ҷаҳонӣ буда, қарор аст он ба ноҳияи Спитамен ба таври таҷрибавӣ ворид карда шавад. Ин масъала миёни масъулони соҳа, намояндагони раёсатҳои молия ва тандурустии вилояти Суғд, роҳбарони лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” ва номояндагони Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар маркази саломатии Ғулакандоз истифодаи самараноки иловапулиҳо, аз ин ҳисоб таъмири бино ва ҳуҷраҳои корӣ, хариди таҷҳизоти зарурии тиббӣ соҳиби баҳои баланди меҳмонон гардид.
Марказҳои саломатии Париж, Комунна ва Меҳробод дар ноҳияи Ҷаббор Расулов намунаи муассисаҳои навеанд, ки аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ ба истифода дода шудаанд. Ин муассисаҳо дорои тамоми шароити корӣ ва имконияти хуби хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошанд. Сохтмони марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидани онҳо имкон додааст, ки кормандони тиб сари вақт ва бо сифати баланд ба аҳолӣ хизмат расонанд ва барои пешгирии бемориҳо, таъмини саривақтии иммунизатсия ва ташхису табобат мусоидат кунанд.
АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






