Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд

Октябрь 12, 2021 09:48

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.

Сафари мазкур бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп аз 12 то 15 октябр амалӣ  мегардад. Ба ҳайат  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлудахон Мирзозода  ва Мирзоанвар Ахмедов шомиланд.

Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  зимни сафар бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия  Мавлуд Човушоғлу ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг ҳамкории самарабахш идома дорад. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегардад.

29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Худи ҳамон сол Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ифтитоҳ гардид. Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул ба кор шурӯъ намуд.

АКС: МНМО ҶТ

Октябрь 12, 2021 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд