Ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов.
Сафари мазкур бо даъвати Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп аз 12 то 15 октябр амалӣ мегардад. Ба ҳайат раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода ва Мирзоанвар Ахмедов шомиланд.
Дар назар аст, ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни сафар бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу ва дигар намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Туркия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шарикони афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Байни ду кишвар дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт, тиҷорат, энергетика, саноат, маориф, фарҳанг ҳамкории самарабахш идома дорад. Ҳамкорӣ ва дастгирии доимии ҳарду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва форумҳо, хусусан дар доираи ҷаласаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусбат арзёбӣ мегардад.
29 январи соли 1992 Ҷумҳурии Туркия истиқлолияти Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва ҳамзамон байни ду кишвар муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардиданд. Худи ҳамон сол Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Моҳи декабри соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара ифтитоҳ гардид. Инчунин соли 2011 Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул ба кор шурӯъ намуд.
АКС: МНМО ҶТ








Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд






