Ал-Ҷазира: Дар натиҷаи таркиш дар масҷиди Кобул 12 нафар кушта шуд

Октябрь 4, 2021 13:42

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркише, ки рӯзи якшанбеи 3 октябр дар наздикии масҷиди Идгоҳи Кобул рух дод, қариб 12 нафар кушта ва 32 нафар маҷрӯҳ шуданд. Таркиш дар маросими видоъ бо модари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, намояндаи «Толибон»-и тундгаро*, ки ҳокимиятро  ба дасти худ  гирифтаанд, рух дод. Тавре  ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи телевизионии Қатар Ал -Ҷазира бо такя ба манбаи худ дар хадамоти амниятии Афғонистон хабар дод.

Тавре муайян шуда истодааст, ҳадафи ҳамла раҳбарони толибон ва шахсони мансабдоре, ки дар кабинети вазирони Афғонистон муваққатӣ таъйин гардидаанд, аз ҷумла намояндагони Вазорати дифоъ буданд.

«Таркиш зимни анбӯҳи зиёди одамон  рух дод, ки дар натиҷа аз  байни мардуми осоиштаи Кобул низ кушташудагон ва захмиён ҳастанд»,- навиштааст  қаблан Муҷоҳид дар Твиттер.

Дар навбати худ, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон Саид Хостӣ хабар дод, ки дар таркиш ду нафар кушта шудаанд. «Дар натиҷаи таркиш дар даромадгоҳи масҷид ду нафар кушта ва чаҳор нафар ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ бардоштанд», — иқтибос овардаааст ӯро оҷонсии маҳаллии Aamaj News.

Бино ба маълумоти Ал -Ҷазира, кормандони хадамоти амнияти «Толибон» се нафарро, ки ба тайёр ва содир намудани ҳамлаи террористӣ гумонбаранд, боздошт кардаанд.

 

_________________________

*Толибон- ҳаракати радикалие, ки дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо мамнӯъ аст

 

ДАР АКС: мошинҳо дар кӯчаи назди масҷиди Идгоҳ, Кобул, Афғонистон. Акс: © Stringer / ТАСС

Октябрь 4, 2021 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид